Хонаҳои зану фарзандони Зайд Саидро гирифтанианд

Хайрулло Саидов, писари соҳибкори муваффақ ва зиндонии тоҷик Зайд Саидов мегӯяд, иҷрочиёни додгоҳ барои мусодираи молу мулки зану фарзандони Зайд дари хонаи онҳоро мекӯбанд.

Хайрулло Саидов ахиран бо интишори матлабе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки хонаҳое, ки судҳо мехоҳанд мусодира кунанд, рабте ба падараш надоранд ва ягон қонун мусодираашро иҷозат намедиҳад.

Вай менависад: “Ҳамагон медонанд, ки Зайд Саид дар солҳои дар шаҳри Маскав буданаш тоҷири муваффақ буд ва ҳамсару фарзандонаш низ баробари ӯ заҳмат мекашиданд ва бо меҳнати ҳалол соҳиби манзил шудаанд. Ҳатто хариди якчанд манзили истиқоматӣ то замони ба вазифаи вазирӣ таъин шудани падарам рост меояд.

Ин ҳақиқат аст ва касе аз ин чашм пӯшида наметавонад, аз чумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам ва ин худ як далели муътамад барои намояндагону ворисони қонун аст”. Хайрулло Саидов мегӯяд тибқи қонун барои мусодираи ҳар хона бояд аввал мурофиаи судӣ баргузор шавад ва исбот гардад, ки ин хона мутааллиқ ба Зайд Саид буд ва танҳо дар он сурат мешавад, ки ҳукми мусодираи он содир шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тӯли ин сеюним сол барои ҳабсу мусодираи хонаҳо ягон мурофиаи судӣ доир нашудааст. Дар идома ӯ менависад: Дар тамоми ҷаҳон ҷинояткор ҷазояшро мегирад, вале қонун дар нисбати ҳамсар ва фарзандони ӯ риоя мешавад.

Вале дар мо баръакс. Соҳибкори муваффақи тоҷик Зайд Саидов бо чандин модда аз Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба муҳлати 29 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?