Холмуроди Сиддиқ: “На ду сол, ҳамагӣ як рӯз ғайриқонунӣ мошинам сиёҳшиша буд”

Холмуроди Сиддиқ мегӯяд, ки дар кӯчаҳои шаҳр ҳамагӣ як рӯз бидуни ҳуҷҷат бо мошини сиёҳшишааш ронандагӣ кардааст.

Ин ҳаҷвнигори барномаи телевизионии “Лаҳзаҳои гуворо” дар сӯҳбат бо TojNews тасдиқ кард, ки бо худрави тамғаи “Ниссан-Максима”, рақами давлатиаш АХ 7272 РТ 01 мегардад.

17-уми август вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Холмурод Сиддиқов аз соли 2013 инҷониб бидуни иҷозатнома тирезаи худравашро сиёҳ кардааст. Инчунин, ӯ 22 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст, ки аз ҷониби камераҳои “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд. Барои ин қоидавайронкунӣ ин ҳунарманди ҳаҷвнигорро 9 ҳазору 720 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Холмуроди Сиддиқ гуфт, ки “воқеан як муддат муҳлати иҷозатнома барои мошини сиёҳшиша гузашта буд, ки тирезаҳои мошинро ба асли аввалааш баргардонем. Ҳоло дуюмбора шишаҳоро сиёҳ кардему ба “чанг” афтодем. Он ҳам ҳамагӣ як рӯз буд. Қасд доштам, ки дар наздиктарин фурсат ҳуҷҷатгузорӣ кунам”. Аммо дар бораи қоидавайронкуниҳояш изҳори бехабарӣ карда, гуфт, ки барои муайян карданаш ба Раёсати БДА хоҳад рафт. 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Холмурод як бор хостааст "лахзаи гуворро" кунад. Бо хамин максад ичозатнома нагирифтааст да! Акнун "подшохи олам дуздро капид" гуфта менависед?
Ин худ ширин куни дар назди сохибшонаст рамазон рахимова.... масками инхо бояд як шахси бехтарин дар точ бошад да! На хофизону актиерон!
акаи холмурода гаранг накунед.амика марди хунар мондааст дар Точикистон.Нигина Амонкулова 67000 сомони чаримаи шахри бехатар дошт дар як занг задан хамаашро нол карданд ку.
АКАИ ХОЛМУРОД ХИЗМАТОИ ДЕВОНА КАРДАГИЯЙ БА МАРДУМИ ТОЧИК.ШАМОЛ ВОРИ ЧАВОБ ДОДА ШАВАД.БАРОИ ЧИ НИГИНА АМОНКУЛОВА 67000 СОМОН КАРЗДОР БУД АЗ ШАХРИ БЕХАТАР ДАР ЯК ЗАНГ ЗАДАН ХАМААШ БЕ ПУРСИШ НОЛ КАРДА ШУД?БАРОИ ЧИ ТАМОМИ СИТОРАХОИ ТОЧИКА ДАР РАСОНАХО БАРОВАРДЕД БЕ ГАЙР АЗ НИГИНА АМОНКУЛОВА?БАРОИ КИ ШУМО МЕТАРСЕД ТАРСОНЧАКХО.БАРОИ КИ НИГИНА АМАМАЙ
Амамат муборак шава! Тинчиай?!
Монед ин мардакро! Хизматҳое ки ӯ барои мардум кардааст, ягон ҳаҷвнигори замони ҳозира накардааст.
Дар назди конун хама бояд баробар бошад. Шикасти хар гуна давлат аз хамин черезбози сар мешавад.
Ин марди хунара ба чои дастгири кардан табъашро хира кардан кори окилон нест.чи дига ягон сохаи дигар намондаст ки айбошона ёфта чарима кунед охир аз руйи рафти чунин корхо тамоми мозгхову мардуми зиёи чои гурез мекобанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?