Хатсайрҳои нави “Сомон Эйр” ба Новосибирск ва Сочи

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мегӯяд, ба самтҳои Новосибирск ва Сочи  хатсайрҳои нав кушодааст.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” дар суҳбат ба TojNews гуфт, парвозҳо ба самтҳои мазкур ҳафтае як маротиба: Новосибирск рўзҳои чоршанбе ва Сочи рўзҳои панҷшанбе сурат мегиранд.

Дар назар аст, ки парвози нахустин ба Новосибирск 31-уми август ва парвоз ба самти Душанбе-Сочи аз 1-уми сентябр амалӣ шавад.

Дар ширкати “Сомон Эйр” мегӯянд, “вақти парвоз аз Душанбе ба Новосибирск – 20-40, вақти фурудоӣ дар Новосибирск – 00-40 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 02-30 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 04-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Сочи – 11-30, вақти фурудоӣ дар Сочи – 13-20 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 15-00 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 20-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соату 50 дақиқа мебошад.”

 Сухангӯи “Сомон Эйр” мегӯяд, хатсайри “Душанбе-Бишкек” дубора барқарор шуда, ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешавад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?