Хатна хатари олудашавӣ ба вируси HIV камтар мекунад

Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ИМА зимни як таҳқиқот муайян кардааст, ки мардоне, ки хатна шудаанд хатари ба вируси норасоии масунияти одам (HIV) камтар таҳдид мекунад.

Ба гузориши бахши форсии ВВС, ин Марказ пешнависи роҳнамоеро бораи хатна кардани мардон интишор карда, аз мардум хостааст, ки дар муддати 45 рӯз дар ин бора изҳори назар кунанд, то ин маркази дастуруламали ниҳоии худро мунташир кунад.

Коршиносони Марказ ҳадаф аз таҳияи дастуруламалро роҳнамо барои мардони ҳамҷинсгаро ва падару модаронест, ки писар доранд, то битавонанд дар мавриди хатна кардан тасмим бигиранд.

Ин пешнавис бар асоси баррасиҳои  танзимшуда ва шавоҳиди илмӣ дар заминаи фоида ва зарар хатна кардану таъсири он дар мавриди интиқоли вируси HIV ва дигар бемориҳои гузаранда мадди назар қарор гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, марде, ки хатна шудааст, ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо зане ки гирифтори вируси  HIV мебошад, хатари олӯдашавӣ 50 то 60% коҳиш меёбад. Инчунин касоне, ки хатна шудаанд, ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ хатари олӯдашавӣ афрод аз дигар вирусҳо низ ҳудуди 30 то 40 дарсад мебошад.

Бар илова, дигар бемориҳои  омезишӣ ва саратони олоти тоносулӣ дар афроди хатнашуда камтар ва ҳамин тавр хатари саратони гардани раҳм-бачадон дар заноне, ки ҳамхобаашон хатна шуда бошад, хеле кам аст.

Ин марказ мегӯяд, ки хатна кардан бар фаъолият ва комситонии ҷинсӣ ҳеч таъсире надорад ва ё агар ҳам дошта бошад, хеле ночиз аст.

Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ИМА тавсия додааст, ки хатна кардани навзодону кӯдакон нисбат ба навҷавонону калонсолон осонтар ва арзонтар тамом шуда, хатарҳояш ҳам камтар мебошанд. Вале афроди калонсоле, ки мехоҳанд худро хатна кунанд, метавонанд дар чунин тасмимгириҳо ширкат кунанд.

Дар ин раҳнамо хатна на як дастури пизишкӣ, балкӣ як интихоби довталабона ва шахсӣ унвон шудааст.

Copyright © 2014 TojNews

Назарҳо

инро расулуллох (с) 1436 пеш фармида будан

Шояд шумо суол ё назаре доред?