Харҷи 7-9 милион доллар барои таҷлили Рӯзи истиқлолият

Бино ба иттилои дарёфтӣ, барои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҳудуди 50 ҳазор нафар сафарбар шудаанд. 

Наздики 25 ҳазор нафар мулкӣ ва ҳамон қадар ҳарбиён дар чорабиниҳои оммавӣ ва гашти ҳарбӣ дар шаҳри Душабе дар рӯзи 9-уми сентябр, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Бино ба иттилои манобеи огоҳ, барои таҷлили солгарди санаи таърихӣ, ҳудудан аз 7 то 9 милион доллари ИМА маблағ сарф хоҳад шуд.

Гашти ҳарбии сарбозони афсарони артиши Тоҷикистон дар назар аст дар хиёбонҳои марказии пойтахт сурат бигирад.

Чорабиниҳои дигари фарҳангӣ бахшида ба ҷашни истиқлолият, бо иштироки донишҷӯён, варзишгарон ва хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ, ҳамчунин кормандони корхонаҳои давлатӣ, дар назар аст дар майдонҳои варзишӣ, коху толорҳои фарҳангӣ ва гулгашту хиёбонҳои дигари шаҳри Душанбе бо шукуҳи хоса баргузор карда шаванд, -мегӯяд манбаъ. 

Донишҷӯён ба "маршировка"-ҳои омодагӣ барои чорабиниҳои театрикунонида қариб ду моҳ қабл, ҳанӯз аз 10-уми июли соли ҷорӣ ҷалб шуда буданд. 

Баъдтар ба омодагиҳо, ҳамчунин кормандони сохторҳои буҷавии шаҳр пайвастанд.

 

Назарҳо

Аз ин 9 миллион нисфаш ба чигилдони муттасадиен мераванд. Як бахона барои кисаро пур кардан.

Шояд шумо суол ё назаре доред?