Хабарҳои зиддунақиз дар бораи фирори муовини Раиси “Тоҷиксодиротбонк”

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Фирдавс Бердиев, муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба хориҷ аз кишвар фирор кардааст.

Бино ба иттилои манобеи TojNews, Фирдавс Бердиев баъди муваққатан барканор шуданаш аз вазифаи муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ба Аврупо, ба гумони ғолиб ба Швейтсария фирор кардааст, аммо ин иттилоъро дар бонк касе тасдиқ намекунад.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон касе омода нашуд, ки дар ин бора бо Тоҷнюс суҳбат кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки БМТ Бердиевро муваққатан аз вазифааш дар “Тоҷиксодиротбонк” 18-уми майи соли ҷорӣ барканор карда буд.
Алҳол се фарзияи фирори муовини раиси “Тоҷиксодиротбонк” баррасӣ мешавад:

Тибқи фарзияи аввал, Бердиев аз тарси муттаҳамшавӣ ва бо ташаббуси худ кишварро тарк кардааст.

Бар асоси фарзияи дуввум, ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо нафароне аз Раёсати бонк фирор намудааст.

Тибқи фарзияи сеюм, муовини раиси “Тоҷиксодиротбонк” иттилоъ ёфтааст, ки сабабҳои ба буҳрон гирифтор шудани бонкро ба дӯши ӯ зада, ӯро “боми пастак” эълон кардан мехоҳанд.

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” аз тасдиқ ва ё рад кардани ин хабар ба TojNews худдорӣ карданд. Як корманди Дастгоҳи марказии бонк гуфт, “Фирдавс Бердиев муваққатан аз вазифааш дур карда шудааст ва ҳоло намедонад, ки ӯ дар куҷост.”

Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо худи Фирдавс Бердиев то лаҳзаи чопи ин хабар бенатиҷа анҷом ёфт.

Фирдавс Бердиев 33-сол дошта, хатмкардаи факултаи “Робитаҳои байналхалқӣ”-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамчунин хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Қаблан Фирдавс Бердиев, яке аз мудироти ширкати “Нахуст лизинг” буд, ки гуфта мешуд, ба Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” тааллуқ дорад.

18-уми майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи буҳрони молӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” роҳбарияти ин бонкро аз вазифаҳояшон барканор карда, мудирияти муваққатиро таъйин кард. Тоҷиддин Пирзода, роҳбари “Тоҷиксодиротбонк” ҳамроҳ бо муовинонаш, азҷумла Фирдавс Бердиев, муваққатан аз вазифа дур карда шудаанд.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки бузурги кишвар аст, ки ҳудудан 20-30 дарсади низоми бонкии кишварро дар даст дорад. Моликони аслии "Тоҷиксодиротбонк" чор ширкат: ҶСК “Евразия”, “Мелодиён “ ва “Эҳсон” мебошанд, ки аввалӣ беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонкро доро мебошад. Дуи дигар, дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати “Евразия” Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нурруллоев мебошанд.

Назарҳо

Оҳиста оҳиста ҳамаи мансабдорон мегурезанд ....

Шояд шумо суол ё назаре доред?