Хабари боздошт ва истирдоди фармондеҳи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ аз Туркия

Мақомот Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД-ро аз Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Айни ҳол ин хабарро мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ ё рад накардаанд. Аммо як манбаъи наздик ба мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба TojNews гуфт, полковник Гулмурод Ҳалимов шиносномаи қалбакӣ боздошт шудааст. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, фармондеҳи ОМОН бо ному насаби сохта қасди сафар ба Сурияро доштааст.

Гулмурод Ҳалимов охири моҳи апрел ғайб зада буд. Манобеи TojNews аз мақомот гуфта буданд, ки силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия дар ҳуҷраи корияш дарёфт шуда, аммо дар куҷо буданаш маълум нест.  Инчунин, мақомот сабукрави ӯро дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо кардаанд.

Он вақт овозаҳо дар бораи он, ки Гулмурод Ҳалимов ба сафи ДИИШ пайваста ба Сурия рафтааст, дар миён буд.  Баъзе расонаҳо баъди пахши хабари ғайб задани фармондеҳи ОМОН навиштаанд, ки гӯё вақтҳои охир ӯ ба ДИИШ таваҷҷӯҳ дошта, ҳатто ин гурӯҳи террористиро таблиғ мекардааст. Ӯро чун як нафари ботақвову парҳезкор ва намозхон сифат мекардаанд. Ҳамчунин, баъди қариб як ҳафтаи пахши ин хабар дар TojNews бархе аз расонаҳои русзабон ва амрикоии кишвар навиштанд, ки полковники фирорӣ даҳ нафари дигарро ба қасди ширкат дар ҷангҳои Сурия ба ҳамроҳ бурдааст.

Полковник Гулмурод Ҳалимов аз моҳи марти соли 2012 инҷониб вазифаи Сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Вай 14-уми майи соли 1975 таваллуд шудааст ва маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад.

Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё ОМОН, яке аз ҷузву томҳои муҳимтарин ба шумор меояд, ки масъулияти анҷом додани амалиётҳои  махсуси ҷангиро ба зимма дорад. Дастаи мазкур 5-уми декабри соли 1995 дар айни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳайати 66 нафар ташкил шудааст. Дастаи таъиноти махсус дар ҳаводиси Тавилдара, Рашт ва Бадахшон низ фаъолона ширкат кардааст.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Инаш ки гурехта бошад дигархояш хам, иншоллох мегурезанд.
Давидани гусола то кохдон. Ба фикрам мансаби баландтар надодандаш, бо хамин рох худро бой кардани шуд.
У мехост бо хамин рох гуноххояшро шуяд аммо, вале, лекин. Худованд кодир аст.
инчо таги коса нимкоса! Инчо сахнаи сиеси ба назар мерасад, ки накшхора хела мохирона ичро карда истодаанд
Терориста аз нахзату аз мухочирону камбагало мекобанд, террористо ё каолобои калон бо пагонхои калон дар худи макомот будасту..Ино бо як дирам манфиати шахсиро боло мегузоранд. Мошинхову асабнякои инора бинен пеши чашми мардуми бечорада. Боз мардуми бечорарао аз бозору хама чо хар руз бузбози доранд.
Магар котили умирали кувватов хамин нест?
Муҳтарам хабарнигорони Тоҷнюс ИЛТИМОС дуруст навиштанро омӯзед! Бо забони модари ғалат навиштан нобахшиданист! (махсусан барои рӯзноманигор). масъалан: "Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё ОМОН, яке аз ҶУЗВУ томҳои муҳимтарин ба шумор МЕОЯД..." (шояд ба ҳисоб меравад ё ҷузъу томҳои муҳимтарин мебошад) Умуман хатогиҳо бе ниҳоят зиёд ба назар мерасанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?