Гюлен ва имомҳои ҷаҳонии тариқати "Хизмет"

Расонаҳои туркӣ рӯйхати имомҳои ҷаҳонии тариқати “Хизмет”-ро нашр кардаанд, ки бо дастури Фатҳуллоҳ Гюлен кор мекунанд.

Дар ин руйхат, ки таҳти унвони “Имомони дунё” нашр шудааст, номи 107 нафар оварда шудаанд, ки ба қавли таҳиякунандагонаш бо дастури Гюлен дар 107 кишвари дунё ҳадафҳои “Хизмет”-ро амалӣ мекунанд.

Дар ин рӯйхат, аз ҷумла номи Сабоҳиддин Гюнай, мудири ширкати “Шалола” ва собиқ сарпарасти литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ оварда шудааст, ки мақоми имомати тариқати “Хизмет”-ро дар Тоҷикистон ба уҳда доштааст.

 Тариқати “Хизмет”, ки ба Фатҳуллоҳ Гюлен тааллуқ дорад, мактабҳо ва ширкату созмонҳои гуногуни дорои хусусияти тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар кишварҳои ҷаҳон ахиран баъд аз як талоши номуваффақи табаддулоти низомӣ дар Туркия дар сархати расонаҳои хабарии олам қарор гирифтааст.

Ҳукумати Туркия тариқати “Хизмет”-ро ба даст доштан дар табаддулоти нокоми низомии 15-уми июли соли 2016 гунаҳкор карда, шабакаи сохтаи Гюленро созмони террористӣ ва хатарнок номид. Ин иддаоро худи Гюлен борҳо рад кардааст.

Рӯйхати имомони тариқати “Хизмет” дар дунё:

Назарҳо

Tojnews чиба аку хами туркораву гулена хабар кадестен? Чи пантуркен ё ердонан сумтон дод ки мора реклам кун. Мо чо кнем имомшона
charo dar rasonahoi davlati va mustaqil dar mavridi Markazi Fathullo Gulen dar poitakhti mamlakat ki onro du shakhsiyati namoyon professoron Nodir Odilov va Ibrohim Usmonov rohbari mekunand va andeshahoi orifona va nazariyai "mukolamai tamaddunho" - i uro targhibu tashviq mekunand, chize hamenavisand?
Э бародар Орзу, ачаб бачаи соддаи-да. TojNews барои он Гюлен ва харакатхои уро дар Точикистон ин кадар шум мебинад, ки ин идораро ягон бор БЕПУЛ Туркия бурдаги нест, китобхои кимат додаги нест, сайёхат ройгон нарафтанд, зиёфатхои бохашамат даъват кардаги нест, дар конфронсхои чахони аз номи идора касе ширкат кардаги нест... ва гайрахо. Чанобон Дустов ва Рахнавард одати оддии точики доранд - бахили. Вассалом.

Шояд шумо суол ё назаре доред?