Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Абдулбасир Саидов оғози Рамазонро муайян мекунанд

Абдулбасир Саидов

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои муайян кардани оғози моҳи шарифи Рамазон ва Рӯзи Иди фитр комиссияи вижае таъсис додааст. 

Бино ба иттилои торнамои Маркази исломӣ, комиссия натиҷаи таҳқиқи худро ба зудӣ ҷамъбаст ва рӯзи аввали моҳи Рамазон ва Иди фитро эълон хоҳад кард.

Роҳбарии ин комиссия бар ӯҳдаи Абдулбасир Саидов, муовини аввали Раиси Маркази исломӣ вогузор шуда, ба ҳайъати он уламои маъруф,  мутахассисони соҳа шомиланд. 

Дар назар аст, ки ин комиссия меъёри садақаи Фитр ва нисоби закотро барои имсол муайян кунад.  

Дар Шӯрои уламо умед доранд ,ки “мусалмонони кишвар аз маълумотномаи пешниҳоднамудаи комиссияи мазкур самаранок истифода бурда, дар моҳи мубораки Рамазон, ки ба зудӣ фаро мерасад, ба ибодату корҳои хайр ва ваҳдату якдилӣ саъй хоҳанд намуд.”

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар бораи эълон рӯзи аввали моҳи Рамазон баҳсҳо зиёд мешавад. Чанд соли ахир Рамазон дар Тоҷикистон як рӯз баъд аз давлатҳои Араб эълон мешавад. 

Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 28-уми июн оғоз шуда буд.  

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

АЙ ВАКТЕ СОХИБМЮИ МУФТИВУ ШУРОИ ЦУЛАМО ШУДЕМ АЙ ИХИИЛОФУ ТАФРИКА ХАЛОС НАМЕШЕМ. МОНЕН ХАМИ МАРЛУМ ХУДШОН ЧАШМ ДОРАН- БЕГА КИ МАХТОВА ДИДАН РУЗА САР МЕША- ХАЛОС. ДИГ ИНО ЧИЛОЗИМАН...ХАР КОМУШ ХАРЧИ ГУФТАН МЕГИРА....
АЙ ВАКТЕ СОХИБМЮИ МУФТИВУ ШУРОИ ЦУЛАМО ШУДЕМ АЙ ИХИИЛОФУ ТАФРИКА ХАЛОС НАМЕШЕМ. МОНЕН ХАМИ МАРЛУМ ХУДШОН ЧАШМ ДОРАН- БЕГА КИ МАХТОВА ДИДАН РУЗА САР МЕША- ХАЛОС. ДИГ ИНО ЧИЛОЗИМАН...ХАР КОМУШ ХАРЧИ ГУФТАН МЕГИРА....
ООООО бачча и мегам уламои Точикситон муайянуш менан саршавии мохи Шарифро барои тамоми дунё? Хайрият як чизе доштаем, ки ифтихор кунем, ман фикр мекаам, ки мо ягон кобилият надорем.
миллате ки ниёконаш дар илми ситорашиносй нобигаи асри худ буданд дар муаян кардани рузи аввали мохи рамазон ва иди фитр хамасола хайрон мемонанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?