Гулрухсор Сафӣ: Мушкил аст бовар кардан, ки Темур 80-сола шудааст

Табрикоти Гулрухсор Сафӣ, шоираи шинохтаи тоҷик ба муносибати 80-солагии Темур Зулфиқоров:

Муҳим нест, ки инсон чӣ қадар зиндагӣ мекунад, муҳим он аст, ки инсон чӣ хел сифатан зиндагӣ мекунад. Сифатан зиндагӣ кардани инсон ба андешаи инсон вобаста аст. Инсони андешаманд ҳамеша зиндагиро зебо мебинад, ба рӯзҳои сахташ суханҳо ва гуфтаҳои тасаллиомез дорад ва бо ин суханон на танҳо худро, балки дигаронро ҳам метавонад тарбия кунад.

Аслан мардуми андешаманд хоса файласуфҳо умри дароз мебинанд. Инчунин як ақидае аст, ки аз аҳли башар беш аз ҳама ромишгарон, баъдан наққошҳо ва сеюм файласуфҳо умри зиёд мебинанд. Ин шояд ба он хотир бошад, ки ин 3 гуруҳ ҳамеша бо як кори зебо, муҳим ва дилхоҳ машғуланд.  Яъне, агар ба мусиқӣ ишқ надошта бошӣ,  он ба гӯшат бисёр дилхарош мерасад. Ё агар дидаи зебобин надошта бошӣ ва ба ормону таманнои офаридгор пайравӣ кардан надошта бошӣ, ба дастат муқалам ва ё шамшер бигирӣ аз дастат ҳеҷ чиз намеояд. Яъне, зебоӣ аз таманнои худи одам сар мезанад.

Илми фалсафа ба хотири илми мантиқ ва ба хотири шарҳ додани он офарида шудааст. Ба он хотир офарида шудааст, ки ба суолҳои беҷавоби зиндагӣ кӯшиши ҷавоб кофтан ё ки ба ҷавоби ёфтаи худ қаноатманд шудан ба инсон вобаста аст. Шахсан агар маро пурсанд, ман хаёл мекунам, ки навиштан, сухан гуфтан, андеша кардан инҳо дар маҷмуъ як чизе ҳастанд, ки инсонро ба инсонияти худи инсон бармегардонанд.  Инсонро аз худи инсон ҷустуҷӯ мекунанд. Мо дар Сайёра бо ихтиёри худ пайдо нашудем ва аз Сайёра бо ихтиёри худ намеравем. Аммо аз байни чанд миллион ҷондоре, ки дар Сайёра ҳаст, шояд мо ақалияте бошем, ки имконияти андеша кардан дорем ва Худованд барои мо имкони андеша карданро додааст ва моро ба ин сазовор донистааст. Ин корро пеш аз ҳама адибон мекунанд.

Дӯсти азизи мо Темур Зулфиқоров, ки ба ҳамаи ин сифатҳое, ки дар боло гуфтам, арзанда аст. Мушкил аст бовар кардан, ки он Темур 80-сола шудааст. Аммо дар дунё чизҳои зиёде аст, ки мо бовар намекунем, вале онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд. Якеаш ҳамин 80-солагии Темур Зулфиқоров аст.

Темур аз ҳамон рӯзе, ки қалам ба даст гирифт, аввал андеша кард, баъд навишт ва то имрӯз агар ба ҳама суолҳои худаш агар ҷавоб ҳам надошта бошад, як тасаллое дорад. Суханҳои зебое дорад, ки зиндагии худашро пеш барад ва зебо кунад.

Орзумандам, ки ҳамчун адиби файласуф, ҳамчун адибе, ки  мусиқии борон, рӯдхона ва дарёро ҳоло ҳам гӯш мекунад, мешиносад ва дарк мекунад ва ҳамчун наққоше, ки бо сухан наққошӣ мекунад ва хеле наққоши муваффақ ва хуб ҳам ҳаст, хеле умри тӯлонӣ мебинад. Зеро умри ҳар як инсон аз вусъати андеша, ҳунар ва ишқи ӯ вобаста аст.

Зодрӯзат муборак, дӯсти азизи ман, Темур. Ҳамеша чунин ҷавон, ошиқ ва кӯдаки бузург бошӣ!

Шояд шумо суол ё назаре доред?