Гулмурод Ҳалимов - Бен Лодани нави ИМА?

Ҳанӯз даҳ рӯз ҳам аз аввалин пайғоми баҳои сари Гулмурод Ҳалимов-полковники фирории тоҷик сипарӣ нашуда, ду хабар пайи ҳам дар сархати хабарҳои расонаҳо қарор гирифт. Яке сарвари кадом гуруҳ дар ДОИШ таъин шудани Гулмурод  ва паёмакҳои ӯ ба мақомдорони Тоҷикистон бо таҳдиди табрики рӯзи Истиқлолияти давлатӣ.

Албатта, таъини фармондеҳи кадом гуруҳе чандон таваҷҷуҳбараегез набуд, вале он ки дар остонаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ касоне паёмакҳо дарёфт кардаанд ва дар онҳо таҳдид мешавад, ки ба ин рӯз сарбозонро табрик мекунад, воқеъан хабари чандон хуше ҳам нест. Ҳарчанд онро низ метавон нодида гирифт.

Таърихи фирори Гулмурод Ҳалимов ба ДОИШ бештар ба филмҳои моҷаробарангези амрикоӣ шабоҳат дорад. Полковнике, ки дар гузашта аз ҳама имтиёзҳо бархӯрдор буд, сарварии як қисми таъиноти вижаро ба уҳда дошт, соҳиб ду ҳамсару фарзандон буд ва миёни иколлектив обрӯ ҳам дошт, ба Сурия фирор мекунад ва ин муаммоест то ҳол нокушода. Танҳо баъди рафтанаш аз Тоҷикистон дар як пайёми интернетӣ фаҳмонд, ки вай аз сиёсат норозӣ буд, аз он эътироз мекард, ки кормандони милиса ғайриҳирфаианд ва беибо рӯсарӣ аз бонувон мекашанд ва ғайраву ҳоказо.

Вокуниши мақомоти қудратӣ ва бахусус ВКД, ки Гулмурод Ҳалимов корманди он буд, бештар шаблонӣ буд.  Ва то ба имрӯз касе вазъро таҳлил накардааст ва баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст, ки чаро як фармондеҳи аршади давлатӣ ба гуруҳи террористӣ пайваст. Ва соле баъд ҳамсару фарзандонаш низ назди ӯ рафтанд. Аҷиб он аст, ки ҳамсари дуюми Гулмурод, ки ҳоло бо ӯст, низ корманди сохторҳои қудратӣ-Хадамоти гумрук буд.

То ин шабу рӯз аз Гулмурод Ҳалимов касе ёд намекард. Аниқтараш баъди фирори ҳамсараш, хабарҳо аз Гулмурод умуман набуданд. Ва ногаҳон Амрико барои сари Гулмурод 3 миллион доллар ҷоиза таъин мекунад, ки хеле шигифтангез аст.

Аммо ба дунболи ин рӯзи 3-уми сентябр шабакаи телевизионии  alsumaria.tv  гузориш дод, ки  гурӯҳи "Давлати исломӣ" полковники фирории тоҷик Гулмуроди Ҳалимовро ба ҷои Абу Умари Шешонӣ ё Чеченӣ, фармондеҳи низомии ин гурӯҳ, таъйин кардааст.  Хабарро даҳҳо расонаҳои дохиливу хориҷӣ интишор доданд, вале Тоҷикистон вокунише нишон надод.

Субҳи имрӯз хабари паёмакҳои Гулмурод Ҳалимов расид. Паёмакҳои таҳдидӣ ба истиқболи Рӯзи Истиқлолият. Вале то ин соат, ки матлаби зерин навишта мешуд, вокуниши расмиро нахондем.

Аммо чаро чунину чунон? Чаро Амрико 3 миллион доллар баҳои сари Гулмуродро эълон крадааст ва ҳатто гумон меравад дар наздиктарин фурсат ин 3 ба 10 миллион расад ё аз он ҳам бештар? Вале дар Тоҷикистон касе вокуниш ҳам нишон намедиҳад? Магар Гулмуроде, ки сарвари ОМОН буд, ба Тоҷикистон хатар надорад?

Ва билохира, ин паёмакҳо чӣ метавонанд бошанд? Таҳдид ба ҷони одамон? Ба истиқлолияти кишвар? Қасос?

Коршинос ва муаррихи тоҷик Нуралӣ Давлатов мегӯяд афсонаи бин Лодан тамом шуд ва ҳоло Амрико афсонаҳои нав мехоҳад бибофад. Гулмурод таҳсилкарда дар Амрикост ва шеваҳои амрикоии мубориза бо терроризмро хуб медонад. Аз ин рӯ, ин таҳлилгар баъид намедонад, ки ҳоло Вашингтон тасмим гирифтааст аз Гулмурод Ҳалимов муҷассамаи ҳайбату даҳшат ва Бин Лодани нав созад. Барои ин таҳлилгар тавсия медиҳад, ки тарҷумаи ҳоли Бин Лодан омӯхта шавад ва ин омӯзиш ба бисёр саволҳо посух медиҳад.

Вале ин ҷо суоле ҳам метавонад матраҳ шавад: Оё ин сохтакорӣ нест ва қудратиҳои кишвар саҳнасозӣ намекунанд, то зиракиву ҳушёрии худро ба намоиш гузоранд ва бо ин васила дар рӯзҳои Истиқлолият тадбирҳои иловагии амниятӣ андешанд?

Нуралӣ Давлатов мегӯяд, “Ман ба ин бовар надорам. Ба назари ман Амрико бояд як нафари дигареро ба ҷои бин Лодин ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад ва ҳоло интихоб сари Гулмурод Ҳалимов қарор гирифтааст. Шояд шумо иттилоъ дошта бошед, ки ду моҳ қабл аз ҳамла ба Амрико дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 намояндаи СРУ бо бин Лодин дар як шифохонаи низомии Қатари  вохӯрӣ карда буд. Баъди ин мулоқот бин Лодин роҳбари тамоми арабҳо дар Афғонистон ва Ҷумъабойи Намангонӣ роҳбари гуруҳҳои Осиёи Миёна интихоб ва таъин шуда буданд. Ҳоло ки Амрико эълон кардааст, Гулмурод Ҳалимов роҳбари низомии ДОИШ интихоб шудааст, ин ҳодиса такори ҳамон қазияи бин Лодин аст”.

Вале боз ҳам ба аввали савол мехоҳем баргардем. Пас ин оё метавонад кори дасти худи Гулмурод бошад ва баъди пахши иттилоъ дар мавриди таъин шудани фармондеҳи як гуруҳ хостааст аз худ дарак диҳад? Ҳуқуқшиноси варзида Ойниҳол Бобоназарова ба ин шак дорад ва мегӯяд:  “Фикр мекунам, ин кори Ҳалимов нест. Чунки ӯ афсари касбист. Агар ӯ чунин мақсад дошта бошад, ҳеч гоҳ пешакӣ хабар намедиҳад”.

Мо дар пеш ҷашни Итиқлолияти давлатӣ дорем ва тантанаҳои муҳим дар пешанд, тантанаҳое, ки бештар аз ним сол ба инҷониб ба онҳо омодагӣ мебинем. Ҳушдор ё паёмакҳо ба ҳар ҳол сигноле ба қудратиёни кишвар аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. Вале ҳамзамон бояд пайи таҳлили ҷиддӣ ҳам буд ва ба чароҳои зиёд посух ҳам бояд ҷуст.

 

Назарҳо

Фикрхои аналиткхои моро мехонаму ба он ки онхо хаводиси дунеро пайгири мекунанд шубхаам меояд. Чаро Амрико ба Халимов таваччух зохир кард? Чунки пас аз марги Тархан Батирашвили Халимовро вазири чанг дар ДИИШ таъин намуданд. Амрико хамаи сардорони ДИИШРО мавриди пайгири карор медихад. Халимовро бо Бен Ладен мукоиса намудан нодуруст аст. Бен Ладенро бо Абубукр Багдоди мукоиса кунед, чунки хардуи онхо ЛИДЕР хастанд. Халимов лидер нест, у ичрокунанда аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?