Ғоратгари сокини Кӯлоб аз мағоза ва қаҳвахона

Як сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми дуздӣ аз дохили мағоза ва қаҳвахона боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  ин нафар шаби 2-юм ба 3-юми августи соли равон аз мағозаи “Баҳор” ду адад телевизори тамғаи “LG”, ки арзиши умумиашон 5200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Инчунин мақомот ин мардро бо он муттаҳам мекунанд, ки 3-юми июл аз як қаҳвахона  воқеъ дар назди терминали мусофиркашонӣ як адад таҷҳизоти техникии ”Фрейзер” ва 1-адад яхдон, ҷамъ ба маблағи 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?