Ғорат шудани пирамарди 74-сола дар Файзобод

Як сокини 30-солаи ноҳияи Файзобод бо гумони дуздидани чорвои майда аз манзили як пирамард ба ҳабс гирифта шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, Ба мақомоти милитсия марди 74-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2016 шахсони  номаълум пинҳонӣ, аз дохили оғилхонааш 6 сар чорвои хурди шохдорашро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд
 
Манбаъ мегӯяд, арзиши умумии чорвои рабудашуда 2400 сомониро ташкил медиҳад. 
 
Дар гумонбарӣ ба ҷиноятии дуздии мазкур марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд. 
 
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?