Ғолибияти Дилшод Назаров дар Финландия

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-При -- “Paavo Nurmi Games” сазовори медали нуқра шуд.

Вай гурзашро ба масофаи 78,87 метр ҳаво дода, дар мақоми дувум қарор гирифт.  

Ин мусобиқа 29-уми июн дар Ҷумҳурии Финландия ҷараён гирифт ва Павел Файдеказ Лаҳистон бо натиҷаи 81,12 метр соҳиби ҷойи аввал шуд. Нишони биринҷӣ насиби варзишгари дигари лаҳистонӣ Войтсех Новитски гардид. Ӯ гурзро ба масофаи 78,04 метр партофт. 

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифт. Ин чорумин медали нуқраи варзишгари тоҷик давоми моҳи май-июни соли ҷорӣ аст.

Қаблан Дилшод Назаров дар даври чоруми мусобиқоти “Лигаи бриллиантӣ” оид ба варзиши сабук дар Юҷини Иёлоти муттаҳидаи Амрико мақоми дуюмро соҳиб шуда буд. Аз он пеш дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон гурзро ба масофаи 78,34 метр ва аз он пеш дар Гран-При “Оstrava golden spike”, ки дар Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд, гурзро ба масофаи 78,82 метр партофт. 
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?