Генерал Ҳабибов аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд

Генерал Абдулло Ҳабибов, ки барои ғасби замин ва бунёди ғайриқонунии масҷид муттаҳам мешуд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекард, ки барои сохтани масҷид дар маҳаллаи маъруф ба “Автовокзал” қитъаи заминро ғасб кардааст. Аммо Суди шаҳри Душанбе 30-юми декабр бар асоси қонуни афв, ки соли 2014 қабул шудааст, парвандаи мазкурро қатъ кардааст.

Тибқи қарори суди шаҳри Душанбе, амали мазкур ба “ҷиноёти миёна” ворид шуда, ҳанӯз соли 2013 сурат гирифтааст, нисбат ба он қонуни афв татбиқ гардид. Ҳамин тавр “дар асоси қисми 3-и моддаи 6-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв" парванда қатъ карда шуда, Ҳабибов аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки парвандаи мазкурро пеш мебурд, Ҳабибовро “ба ишғоли худсаронаи қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он” муттаҳам мекард. Мурофиаи парвандаи мазкур 28-уми декабри соли гузашта дар суди шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста баргузор шуда буд. Парвандаи мазкур дар асоси шикояти сокинони ноҳияи Сино боз шуда буд.

Абдулло Ҳабибов ба расонаҳо гуфта буд, ки баҳс дар бораи як сотих замин меравад.

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

Пирӯзии устоди азиз Абдулло Ҳабибро ба миллати тоҷик таҳният мегуем! Худованд миллати моро аз Рудакиву Лоик сар карда то Абдумаҷид Салимову Абдулло Ҳабиб аз шарри хоинони миллат ҳифз намояд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?