Гаронтарин чиптаи ҳавопаймо дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст

Пойгоҳи хабарии theopenasia.net  ахиран нархномаи парвози ҳавопаймоҳоро аз се кишвари Осиёи Марказӣ ба шаҳрҳои мухталифи олам нашр кард ва бори дигар аз нархҳои рекордии чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон мисол овард. Чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон гаронтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.  

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи раддабандиҳои байналмилалӣ аз миёни фақиртарин кишвари минтақа боз ҳам Тоҷикистон аст.   

Барои қиёс:

Душанбе-Маскав: 367 доллар

Остона-Маскав : 176 доллар

Бишкек – Маскав: 136 доллар

 

Душанбе - Санкт-Петербург: 389 доллар

Бишкек - Санкт-Петербург: 164 доллар

Остона - Санкт-Петербург: 129 доллар

 

Душанбе – Екатеринбург: 213 доллар

Бишкек- Екатеринбург: 218 доллар

Остона- Екатеринбург: 223 доллар

 

Душанбе – Новосибирск: 269 доллар

Бишкек- Новосибирск:  133 доллар

Остона- Новосибирск: 186 доллар

 

Душанбе- Урумчи: 457 дорллар

Бишкек- Урумчи:  211 доллар

Остона- Урумчи: 189 доллар

 

Душанбе – Деҳлӣ: 253 доллар

Бешкек-Деҳлӣ: 150 доллар

Остона-Деҳлӣ: 254 доллар

 

Душанбе-Истамбул: 378 доллар

Бишкек-Истамбул: 135 доллар

Остона-Истамбул: 167 доллар

Сабаби гаронии билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон, бино ба гуфтаи таҳлилгарон, монополия аст.  
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён бар ин назар аст, ки монополияи билети ҳавопайморо ба ҷуз аз муовини Сарвазир Азим Иброҳим, раиси ММ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагони Шукурҷон Зуҳуров касе шикаста наметавонад...
-Билетфурушӣ дар Тоҷикистон бизнеси се гуруҳи пўшида аст: Гуруҳи якумро шартан "бачаҳои Зарифбек" ва дуюмро "бачаи Халиков" меномиданд. Онҳо то 70-80 дарсади бозори билетҳои "Тоҷик Эйр" ва ширкатҳои хориҷиро контрол мекарданд. Рустам Халиков, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки рафт, дигарон омаданд. Нақши роҳбари ҳозираи "Тоҷик эйр"-ро ташхис накардаам. Вақт набуд. Аммо вазъ тақрибан иваз нахўрдааст. Ширкатхои хориҷиву "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба ин бойбачаҳо аз 9 то 17 % -и нархи билетро медиҳанд.

Бе эълони тендеру озмун, ки қонун ва ақли солим талаб мекунад. Онҳо билетҳоро ба дасти сеюм- ожонсҳои билетфурушӣ ба ивази 2-5 % медиҳанд. Бо ду-се коргарӣ солона миллионҳо доллар мебардоранд. Номи ширкатҳояшон ҳар ним сол- як сол иваз мешаванд. Гуруҳи устувори дигар аслан атрофи "Сомон Эйр" фаъол ҳастанд.

Ба онҳо ширкат билетҳоро бо шарти пардохти 5-9 % қимматашон медиҳанд. Онҳо ба ожонсҳо ба фоизи ду маротиба камтар мефурўшанд. Бо таъин шудани Исмат Абдуллозода ба ҳайси раиси Фурудгоҳ тасодуфан ё на гуруҳи сеюм пайдо шуд: Инҳо билетҳоро аз ҳар ширкат гирифта, бо нархи поёнтар мефурўшанд. Масалан, билети Маскавро 2 ҳазор ҳам мефурўшанд. Моҳиятан ин бизнеси "обналичка" аст, яъне аз додугирифти байни Фурудгоҳу ширкатҳо ба истилоҳи худашон "қаймоқ мебардоранд". Миёни ҳар се гуруҳ, ожонсҳои неруманд зиддиятҳо вуҷуд дорад.

ҳамчунон, ки миёни ширкатҳо, хадамоти зирабти вазорати нақлиёт ва фурудгоҳ. Барои руйпўш кардани ин низоми махуф дар оғизи кор "архитекторҳояш" ба садҳо ба шояд аз ҳазор ҳам зиёд ожонс додани иҷозатномаро ҷорӣ карданд , то "изи билетфурўшони асосӣ" ва манбаъи даромадҳои ҳангуфт гум шавад. Кумитаи андоз ҷуръати ба онҳо наздик шуданро надорад. Ба ширкатҳое, ки мехоҳанд бо билетҳои арзон вориди бозор шаванд, монеъ эҷод мекунанд.Онҳо то ҳаде зўранд, ки ҳатто ширкати Атланти наздик ба Юрий Лужковро аз бозори Тоҷикистон дур андохтанд. Аз ин бизнеси махуф ҳама ниҳодҳо медонанд,аммо аммо зўри ягонтояшон намерасад. Ин бизнеси сиёҳ боис шудааст, ки як миллион муҳоҷири тоҷик бо гаронтарин нарх дар дунё (!) билет мехаранд, -мегӯяд ин коршинос.

Аз сабабҳои асосии дигар гаронии нархи билети ҳавопаймо низоми мавҷудаи хариди сўзишвории реактивӣ аст, ки инҳисорӣ ва гуруҳӣ будааст.

Ба иддаои оқои Дӯстмуҳаммадиён, ширкатҳои ҳавопаймоии мо иҷборан сўзишвориро аз ду ширкат бо нархи 150-200 % зиёдтар аз қирғизҳо мехаранд. Роҳбари нави "Тоҷик Эйр" Хайрулло Раҳимов ва куратори соҳа - муовини Сарвазир Азим Иброҳим тавони шикасти ин низоми пўшидаро доранд. Кулли маълумоти соҳавӣ ва таҳлил дар дасташон ҳаст. Аммо оё ҷуръат мекунанд, ки ба Роҳбари давлат гузориш ё пешниҳод кунанд, суоли боз аст. Зўри вазири нақлиёт ба ин низом намерасад. ҳатто агар ман барин машваратчии ҷамъиятӣ дошта бошад ҳам. Ба комиссияи давлатӣ дохил кардани Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки ба ин нархҳо аллакай розигӣ додааст, айни бемаънигарист. Нархҳои кунуниро ҳамин ниҳод тасдиқ кардааст. Тавре ёрдачии президент Матлубхон Давлатов мегўяд, "барои ягон корро расво кардан барнома менависанду барои иҷро накардани супориш ё коре комиссия ташкил мекунанд", - мегӯяд коршинос. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?