Ғарқ шудани 3 нафар дар як рӯз

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 2-юми июл дар минтақаҳои кишвар се нафар ғарқ шудааст, ки дар миёни онҳо як кӯдак низ будааст.
 
Ба гуфтаи манбаъ, 2-юми июл  тахминан соати 06:00-дақиқа  писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Восеъ, аз беэҳтиётии волидонаш ба канали обгузар афтида, ба ҳалокат расидааст.
 
Инчунин дар ин рӯз, тахминан соати 17:00-дақиқа, марди 20-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, аз беэҳтиётиаш дар ҳавзи шиноварии мактаб афтида, ба ҳалокат расидааст.
 
Ҳамин тариқ, тахминан соати 17:00-дақиқа, марди 47-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Қаратоғи  шаҳри Турсунзода аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда,  ба ҳалокат расидааст. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?