Гаҳворабандони нахустин фарзанди Фарзона ва Фаридуни Хуршед (Акс)

Фаридун ва Фарзхонаи Хуршед духтарчаашон Закияро баъди чаҳор моҳи таваллуд гаҳворабандон кардаанд.

Маросими гаҳворабандон бо ширкати ҳунармандони кишвар баргузор шудааст. Дар аксҳое, ки баъд аз зӯҳри 10-уми ноябр Фаридуни Хуршед дар Фейсбук нашр шуд, дида мешавад, маросими гаҳворабандони Закия ҳамроҳ бо чандин овозхон ва шахсиятҳои шинохта баргузор кардаанд.

Дар аксҳо дида мешавад, ки дар ин маросим хоҳарбузурги Фарзона сарояндаи номӣ Шабнами Сурайё ва чанд тан аз чеҳраҳои матраҳ ҳузур доранд.

Закияи Фаридун 26-уми июни соли равон дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омада буд. Хабари оиладор шудани Фаридун ва Фарзонаи Хуршед дар моҳи май расонаӣ шуда буд. Он вақт расонаҳо хабар дода буданд, ки Фаридун ва Фарзона ҳанӯз соли 2014 бо ҳам никоҳи мусалмонӣ карда зиндагӣ доштанд, аммо аз нашри хабари оиладор шуданашон худдорӣ карда буданд.

Дар назар буд, ки моҳи сентябри соли равон тӯйи Фаридун ва Фарзона дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси”-и Душанбе баргузор шавад. Аммо то ҳол ин маросим баргузор нашудааст. 

Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед ҳарду овозхонони машҳур дар эстрадаи тоҷик мебошанд. Фаридуни Хуршед соли 2011 ба рӯи саҳна омадааст. Мухлисонаш ӯро бештар бо таронаи “Эмануэла” мешиносанд. Ӯ соҳиби як маҷмӯаи таронаҳо бо номи “Азизи ман” буда, Соли гузашта барандаи ҷоизаи “Падидаи сол”-и Big Apple Music Awards-2014 гардида буд. Соли равон низ дар ин озмун, ки дар кишвари Олмон баргузор шуд, иштирок дошт.  Фарзонаи Хуршед, фарзанди Сурайё Қосимова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик мебошад. 

 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Ку конуни танзим? Магар ичрои конун танхо барои камбагалхост?
Магар танзим ба инҳо тааллуқ надорад
Иеда танзим дахл надора? Е танзим барои камбагалояй.
Ош шава шон агар махам амихели пул медоштм ай ухода зур мекадм
Бародарон. Конун факат барои маьракахои исломи аст.
Ба Худо дод нанолен харгиз, ки вайро Худо додай.Бехтарш дуо кнен, ки Ай ин бад нашавад Хуб шавад. Худо дил хои хамаи Точикхора соф гардона омин!
Танзима дар дари девонаш кашидаги аст. Зеро танзим вақт дар эзораш таркадаги аст
Гарчанде кормандони танзим инхоро намебинанд бояд кормандони ппрокуратура чора бинанд расмхо ва наворхо далели шайъи хастанд. Лекин ба фикрам ягон прокурори дилсуз нест ки барои волоияти конун кор кунад.
Магар вай паланг аст?
Магар дар Точикистон дигар проблем набошад,ки шумо рузноманигорон аз гахворабандони ду инсоне, ки то хол хеч коре барои ин чомеа накардаанд, дойра зада мегардед,наход сатхи журналистика хамин кадар паст шуда бошад?
ай.фаридун. бовар надоштем.

Шояд шумо суол ё назаре доред?