Футбол: Наврасони тоҷик дар Қазоқистон ҷойи дуюмро гирифтанд

Наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти футбол барои ҷоизаи Нурлан Каппаров дар Қазоқистон ҷои дуюмро гирифтанд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ дар ин мусобиқа Тоҷикистонро намояндагӣ мекард. Мусобиқа бо ширкати 6 даста, ки бозигаронаш 13 сола мебошанд, баргузор шуд.

Наврасони тоҷик дар даври ниҳоӣ аз “Зенит”-и Санкт-Петербург шикаст хӯрдаанд. То расидан ба даври ниҳоӣ наврасони тоҷик таҳти мураббигии Сафаралӣ Раҳмонов ибтидо аз дастаи “Динамо”-и Тифлис бо ҳисоби 0:1 шикаст хурданд, аммо бо ғалаба ба дастаи Академияи “Онтустик”-и Шимкенти Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Наврасони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ ҳамсолонашон аз дастаи “Пахтакор”-и Тошкандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд. Зинаи сеюмро “Динамо” соҳиб шудааст.

Дар анҷоми мусобиқа Сафаралӣ Раҳмонов беҳтарин мураббии мусобиқа ва Мурод Муродов, дарвозабони наврасони тоҷик беҳтарин дарвозабон дониста шудааст.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?