Файзиниссо Воҳидова: “Иттиҳоди Аврупо дар ҳолати зарурат ба ОМ таҳрим ҷорӣ мекунад”

Файзниссо Воҳидова, вакили мудофеъ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар ҳайате аз намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо барои ширкат дар ҳамоиши “Мусоидат барои беҳтар кардани фазо барои фаъолияти ҷомеаи шахрвандӣ дар Осиёи Марказӣ“ сафар дошт. Ин ҳамоиш аз 25 то 29-уми январ дар Брюссел баргузор шуд. Ӯ дар як суҳбати катбӣ ба воситаи интернет дар бораи ин сафар ҳарф зад. Нахуст TojNews аз ӯ пурсид, ки ҳадаф аз ин сафар чӣ буд?

Файзиниссо Воҳидова: Бо даъвати ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел даъват шудем. То рафтан ба қалби Иттиҳоди Аврупо дар бораи ширкаткунандагон хабаре надоштам. Дар он ҷо огоҳ шудам, ки аз Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҲСДТ низ даъват шудаанд. Инчунин, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҳам буданд. Намояндаҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро зумраи ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиесатмадорон ташкил медоданд.

Ҳадаф аз даъват тарҳрезии барномаи стратегии Иттиҳоди Аврупо барои муносибот бо кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Намояндагони Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, ки пеш аз тарҳрезии барномаи нав бо намояндагони тамоми қишрҳои кишварҳои минтақа суҳбат дошта бошанд.

TojNews: - Умуман, меъёр ё критерияи даъват чи буд?

Файзинисо Воҳидова: - Меъер ва критерияи даъват чунин буд: ба мо ошкоро гуфтанд, ки сари мизи гуфтугӯ онҳо сиёсатмадор, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимоятгари ҳуқуқи инсон ва ҳатто мухолифини ҳукуматро сарҷамъ кунанд ва дар гуфтугӯи рӯ ба рӯ роҳи ҳалли мушкилоти минтақаро пайдо кунанд.

Ошкоро гуфтанд, ки мо 25 сол мешавад, аз ҳукумат интиқод мекунем, аммо вазъ беҳ нашудааст. Гарчанде чанд сол қабл вазъ нисбатан дар Тоҷикистон бо муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа беҳтар буд, аммо бадтар шуд ва ҳоло ба нуктаи кулминатсионии худ расидааст. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои сарҷамъ кардани намояндаҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа муосидат намояд ва роҳи баромадан аз ин бунбасти иҷтимоию сиёсиро дар якҷоягӣ пайдо намоем.

TojNews: - Онҳо аз вазъи Тоҷикистон то чи ҳад огоҳӣ доранд?

Файзинисо Воҳидова: - Чи хеле, ки дар боло қисман қайд намудам, онҳо аз вазъи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи ОМ хеле хуб огаҳанд. Ҳатто аз мо бештар итттило доштанд. Ба таври мисол, дар бораи ҳабси адвокатҳо Бузугрмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ва айбдор кардани онҳо бо ҷурми ифротгароӣ, таъкиби аъзоёни ХНИТ пеш аз интихобот ва баъди он, манъи фаъолияти ин ҳизб ва айбдор кардани узви Раёсати Олии ҳизб, ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 бо роҳбарии муовини вазири дифоъ, маҳкум кардани соҳибкори маъруф Зайд Саидов, маҳбусони сиёсӣ ва таъқиби шаҳрвандон аз рӯи ақидахои сиёсиашон, дар Стамбул кушта шудани Умаралӣ Қувватов ва ҳатто баҳси миёни муфтии Точикистон бо Муҳиддин Кабирӣ марбут ба иштироки онҳо дар як конфронси исломӣ дар Теҳрон ва дигар ҳолатҳоеро номбар карданд, ки ман дар дохили кишвар бехабар будам. Ба хусус, дар ҳама вохӯриҳо вакилони парламенти Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо мегуфтанд, ки дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ вазъи Тоҷикистон сангинтарин мебошад.

TojNews: - Аз Шумо ва ҳамроҳонатон чиро пурсиданд ва бештар рӯи кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ сурат гирифт?

Файзинисо Воҳидова: - Аз мо қариб, ки дар бораи вазъи кишварамон намепурсиданд. Ҳамзамон мегуфтанд, ки дар бораи тамоми мушкилоти кишвар хабар доранд. Аслан мавзуъ ва суол ин буд, ки чӣ бояд кард, кадом роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ ва беҳтар намудани вазъро мо пешниҳод карда метавонем. Ба хусус, дар бораи бо кадом тарзу усул мешавад, додгоҳро мустақил кард, парламентро шохаи алоҳида кард, то қонунҳое қабул кунад, ки ҷавобгӯи меъёри ҳуқуқи башар бошад, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон таъмин гардад ва ғайраҳо.

Гарчанде дар Иттиҳоди Аврупо бештар ба масоили иқтисодӣ афзалият медоданд, аммо бо назардошти ҳодисаҳои чанд моҳи ахир ба хулоса омадаанд, ки стратегияи худро нисбат ба кишварҳои минтақаи Осиёии Марказӣ тағйир диҳанд. Бештар таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, озодии баён, ВАО-и мустақил, таъқиби шахрвандони ақидаи сиёсидошта, равобити озоду бидуни виза байни кишварҳои ОМ, масоили рушди иқтисод ва савдо, назорати мақсадноки истифодаи маблағҳо институтҳои ҷаҳонии молиявӣ ва маблағҳое, ки барои мубориза алайҳи ифротгароӣ терроризм равона шудаанд. Зеро онҳо огаҳии амиқ доранд, ки дар таҷрибаи ҳуқуқии кишвар шиканҷа истифода мешавад ва алалхусус марбут ба ҷиноятҳои ифротгароию терроризм мақомоти низомии кишвар дунболи оморҳо, яъне аз будааш зиёд нишон додани ифротгаро ва терористон даст ба шиканҷа зада, зери латукӯби ҷисмонӣ шаҳрвандонро маҷбур мекунанд, ки дар ҷинояти содирнакарда иқрор шаванд.

Ҳатто сафири Иттиҳоди Аврупо оид ба ОМ гуфт, ки бадтарин чиз ин шиканҷа аст, ки эҳтимоли ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани шахси бегуноҳ ва бо ин ҷинояткори алӣ дар озодӣ монданаш вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, онҳо фаротар аз барномаҳои қаблии худ тасмим гирифтанд, дар соли 2016 стратегияи ИА- ро марбут ба кишварҳои ОМ тағйир дода, афзалият бештар ба ҳуқуқи инсон дода шавад.

Мо дар навбати худ хоҳиш кардем, ки ИА ва Парлумони Аврупо мусоидат намоянд, то лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ дар бораи матбуоти даврӣ қабул нагардад. Зеро бо қабули он фаъолияти дилхоҳ нашрия, ки матлаби интиқодӣ чоп мекунад ва ё мустақиланд бо амри прокурор ва ё вазири фарҳанг боздошта мешавад. Чунин маҳдудсозии фаъолияти ВАО дар пешорӯи маъракаи сиёсӣ, референдуми конститутсионӣ маънои даҳонбандии журналистонро дорад.

TojNews: - Ба андешаи Шумо чаро Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки стратегияашро нисбат ба Осиёи Марказӣ таҷдиди назар кунад? Оё дар оянда аз намояндагони ҳукумат низ даъват хоҳанд кард?

Файзинисо Воҳидова: - Бале, вакилони парлумони Аврупо гуфтанд, ки минбаъд дар оянда ба ин ҳайат ҳам намояндаҳои ҳукуматҳои кишвархои ОМ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ даъват хоҳанд шуд. Сафири ИА оид ба ОМ мегӯяд, дар нишасти охирин дар Қазоқистон аз ҷониби Тоҷикистон дар бораи вазъиятҳои ахири кишваррамон баъзе хоҳишу дархостҳо ва пешниҳодҳо буданд, аммо ҳеч натиҷае надод. Бинобар ин минбаъд мавқеи худро ҷиддтар намуда, дар ҳолати пеш омадани зарурат таҳрим ҷорӣ мекунанд.

TojNews: - Фикр намекунед, ки баъди сафар таҳоҷуми иттилоотӣ алайҳи Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мешавад? Чун мухолифонатон чунин нишастҳоро қариб хуш надоранд.

Файзинисо Воҳидова: - Бале, ҳанӯз аз рӯзи аввал ин тоифа мардум ба мо ва ба ин чорабинӣ бо шубҳа нигоҳ мекарданд. Ба воситаи сомонаҳои иҷтимоб моро “душмани миллат”, “хоини ватан” эълон карданд. Аз ин тоифа шахсони ҳангомаҷӯй тарсе надорам. Сафари мо ба Брюссел аз нахустин рӯз шаффоф буд. Ҳамарӯза аз натиҷаи вохӯриҳо, мавзӯи гуфтугӯ, масоили баррасишуда мо иттило медодем.  Ошкоро аз ин нишастҳо аксҳо мегузоштем. Оре, ин як гурӯҳе, ки аз ҷониби хадамоти махсус барои сомонаҳои интернетӣ бо мақсади пахш намудани озодии баён созмон ёфтаанд, то ки рӯшанфикрон ва ашхоси алоҳида аз фаъолияти мақомот интиқод накунанд. Аз поймолшавии ҳуқуқи инсон, шиканҷаи мардум, тасарруфи тиҷорату пулу моли давлат ва дигар ҷиноятҳои бархе аз масъулини ин мақомотҳо ҷомеа хабардор нашавад. Як шаҳрвандро боздошт намуда мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Модоме, ки як афсари рутбадор даст ба латукӯби шаҳрванд мезанад, чи фарқе аз авбошу майзадаю нашъманд дорад?

TojNews: -  Аз номи “фейк”-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Шуморо ба интиқод кашида, ҳатто гуфтанд, ки ӯ хатар ба амнияти миллӣ дорад. Оё воқеан Шумо хатаре ба амнияти миллӣ доред? Ҳатто гуфтанд, ки бояд аз воридшавии Шумо ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад, ба азми бозгаштатон ба Тоҷикистон ин суханҳо таъсир мекунад?

Файзинисо Воҳидова: - Бале, дар сомонаи иҷтимои як “фейк” навиштааст, ки ман ба амнияти миллӣ хатар дорам ва ҳатто барои ворид шудани ман ба ватан пешгирӣ карда шавад.

Фаҳмост, ки ин таҳдидҳо баъди аксҳои сафари мо пайдо шуд, ки аз рӯзи аввал ҳамроҳи мо Собир Валиев буд. Ӯ як вақт бо талаби Тоҷикистон дар Молдова дастгир шуда, додгоҳ озодаш карда буд. Ва рӯзи охирини нишаст ба мо яке аз мухолифини шадиди ҳукумати Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев ҳамроҳ шуданд. Ман дар боло қайд намудам, ки Тоҷикистонро расман ман ва Шокирҷон Ҳакимов муаррифӣ мекардем. Собир Валиев шаҳрванди Қирғизистон мебошад ва Додоҷон Атовуллоев аз Аврупо даъват шуда буданд. Дар ин маврид суоле ба миён меояд, ки чаро муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абуқодирзода дар Теҳрон паҳлуи Муҳиддин Кабирӣ нишаст? Гарчи Ҳукумати Тоҷикистон охиринро террорист медонад, чаро толорро накард? Миён мову муфтӣ, ки дар ҳайати баландпояи ҳукумат буд, фарқ аз замин то осмон аст.

Агар бо мухолифини ҳукумат вохӯрдан ҷиноят ва  хиёнат бошад, пас муфтии Тоҷикистон ва дигар аъзоёни ҳукуматиро барои дар як саф бо Кабирӣ нишастан ҳабс кунанд, ман худам довталабона ҳозир мешавам.

Ба даркам намерасад, ки ҳеч намефаҳмам, ки чи тавр ба амнияти миллӣ хатарнок ҳастам, модоме ки Тоҷикистон дар қиболи 8 млн. ватани ман низ мебошад. Ман як сония бе ватан будан наметавонам. Ман зан, модар ҳастам, пайваста барои ояндаи фарзандонам, набераҳоям кӯшиш ба харҷ медиҳам, то соҳиби илму дониш ва касб гардида ба ватани азизамон хизмат кунанд. Оё дар шароити ноамнӣ ин имкон дорад? Магар модар мехоҳад, ки ҷангу ҷидол бошад? Ин ҳама ҳангомасозӣ бо мақсади даҳонбандии ман барномарезӣ шудааст, то ки аз поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон, шиканҷаи онҳо ва ҷинояти рӯтбадорон даҳон накушоям.

Ман ҳуқуқшиносам барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон кор мекунам. Ягон фаъолияти сиёсӣ надорам, даъвои мансаб ҳам надорам. Интиқод мекунам, то ки вазъ беҳтар шавад ва ватанамро ободу рушдкарда бинам...

Ногуфта намонад, ҳамон рӯзе, ки дар сомонаи иҷтимоӣ ин “фейк” навишт, мо субҳ бо сафири Иттиҳоди Аврупо оид ба ОМ мулоқот доштам. Нахустин ҳарфи сафир ин буд, ки хабар дорад, ки барои бозгашт ба ватан ба ман таҳдид шудааст. Яъне, масъулини ИА оид ба иттилоот ҳамарӯза ҳамаи маълумот оид ба ОМ- ро омӯхта дар ҷараён мебошанд. Чунин таҳдидҳо ба ман кам набуд, таъсире ҳам надорад, ба ватан бо сари баланд бармегардам! Ҳеч коре накардаам, ки дар назди ватан ва миллатам виҷдонам азоб диҳад. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Аз дасти Иттиходи Аврупо нисбати Осиёи Миёна хеч чиз ба кор намебиёяд. Ин замон асри 19 нест Файзинисоапа!
Behtarin sukhanho. Zinda boshed apai Fayzinisso.
Ф.ВОХИДОВА БОЗ ХУДРО МУСИЧАИ БЕГУНАХ МЕГИРАД. БА ХАМА МАЪЛУМ, КИ ИН АВРУПОИХО БО ДЕМОКРАТИЯИ ХУД, ХАМА ДУНЕРО ЧАЗИР КАРДААНД. АВВАЛ ДАР АВРУПОИ ХУД ВАЗЪИЯТРО БО МУХОЧИРОН БА ЭЪТИДОЛ ОВАРАНД, БАЪД БА ДИГАР ДАВЛАТХО НИГАХ КУНАНД.
Занхои шучои точикро эхтиром бояд кард, хатто агар аз мухолифон ва ракибони мо бошанд.
Бовар кунед ё не шахрвандони мухтарам, ин зан беандеша ва гумрох аст!!!!!!! Шумо бинед, ки кадоме аз давлатхои хорича ба мо яъне кишварамон гамхори мекунад??? хеч кадомаш!!! Сиёсат дар худ дусти, рафики ва гамхори надорад. Давлатхои абаркудрат танхо барои манфиати худ, ба ин ё он кишвар сар мехалонанд. Магар Амрико нметавонист тули солхои дар Афгонистон буданаш ин кишварро вазъашро ором менамуд. НЕ не не Амирико дар як руз метавонад ки вазъи Афгонистон ва Сурияро ором намояд, вале инчо манфиат мечуяд!!!! Ин Иттиходи Аврупо низ дар ОМ мехохад манфиатхои худро ёбад. Шумо худ медонед, ки дастпарвардаи гуруххои террористи аз Амрико аст ва гурухи Давлати исломи низ аз Амрико ва Аврупо маблаггузори мешавад, хочат ба шахру тавзех нест. Ин шахсоне, ки худро фаъолони ЧШ ва ё гамхори кишвар (сиёсатмадор) ном мебаранд, кайхо боз аз чониби Иттиходи Аврупо харида шудаанд, ва намедонанд, ки бар зарари кишвари азизамон кор менамоянд. Онхо бо душманони кишварамон накшаи шикасти давлатро мекашанду фикр менамоянд, ки баъди Амалии накша ба онхо вазифае ё минтакаеро ба дасташон медиханду хукуматрони кун мегуянд, вале дар сиёсат инхел нест Азизон!!!! Баъди анчоми накша аз чониби худи душман кушта мешаванд ё ба онхо маблаге дода ба кишвархои хорич мефиристанд ва худ хукумат мекунанд. Ин хонум фикр мекунад, ки сиёсатдон шудааст, аммо намедонад, ки Абаркудратхо дар назди инхо 100-хо бор сиёсатдони хубанд ва пас аз сухбат ё накшабанди бо инхо дар алохидаги барои амали гаштани накшаи дар пеш истодаи худи (яъне кишвари худ ё иттиходи худ) назар карда меистанд. Чихеле, ки олими немис кайд кардааст: "Инсонхое, ки дар касрхо ба воя мерасанд нисбат ба он инсонхое, ки кулбахо ба воя мерасанд, чизи дигар фикр мекунанд" яъне хубтар сиёсатмадоранд, нисбат ба фаъолони ЧШ точикистони ин зан ва гайрахое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи Хукумати ЧТ меистанд. Баъдан аз онхо агар пурсед, ки дидед абаркудратхо Шуморо фиреб доданд, боз дар чавоб мегуянд: "Чихел фиреб ман Ватанамро озод кардам намебинед". Шумо ба чашми сар бинед, ки ин озодие, ки Амрико ба мардуми афгон ваъда дод холо чигуна идома дорад ва ё Давлати исломие, ки худро тарафдори дини Ислом муаррифи мекунад, то кучо ин дини покро шарманда карда, ба чомеаи чахони онро дини хунхору вахшоният нишон дода истодааст. Охир ин гуруххо ва иттиходхо аз чониби фаъолони ЧШ-и ба монанди мо точикон накшабанди намешаванд, Онхо сиёсатмадорони ОЛИ мебошанд, ки медонанд, киро бо маблаг харида ё ваъдахои осмони дода мукобили кишвари худ равона намоянд. Бо ки худ казоват намоед шахрвандони мухтарам.!!!
хамаи инхо худошонро бегунохмегирад неке инхо хоинан рафта дар аврупо амрико нисбати давлату милатимо харгапо мезананд хаёл мекунанд ки аврупо ба инхо точи тилои медихад
Ба Эдем. То дируз демократияро моли Амрико гуфта доду фаред мекардед, ки амрикоихо бо демократиашон точиконро ахмак мекунад. Акнун онро ба Аврупо часпондед. Ин фитнагарони мо ягон мавке доранд? Гурезахоро аврупоихо чой доданд, аммо кишвархои муслулмони кабул накарданд.
"Ошкоро гуфтанд, ки мо 25 сол мешавад, аз ҳукумат интиқод мекунем, аммо вазъ беҳ нашудааст. Гарчанде чанд сол қабл вазъ нисбатан дар Тоҷикистон бо муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа беҳтар буд, аммо бадтар шуд ва ҳоло ба нуктаи кулминатсионии худ расидааст. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои сарҷамъ кардани намояндаҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа муосидат намояд ва роҳи баромадан аз ин бунбасти иҷтимоию сиёсиро дар якҷоягӣ пайдо намоем...." Албатта тавассути Шумоаааааа апачон. Хочи халиму кабириам хамин хел карданд. Эрону Туркия дидан, ки аз дасташон хок намеояд мачбурашон карданд, ки перевароткунаенд. Аммо шукри Худо тирашон хок хурд. Шуморам анча пул доданд. Албатта, ки барои бехтар кардани вазъ!!!??? Насиб бошад хиёнати туву шокирчонтам мардум фахммидестан. Омода бошен. Ин мардуми чангзада ва аз дасти шумо барин хомиёни хукук ба чон расидиян.
хамаи инхо намехоханд ки Точикистон обод шавад бо хамин дустхои Аврупоияшон
хамаи инхо намехоханд ки Точикистон обод шавад бо хамин дустхои Аврупоияшон
ман намефахмам ки инхо чихели инсонан рафта дар Аврупо ба нисбати халку милати худ харгапи пасту баланд мезананд ба чоеки чавононро насихат кунанд ки барои ободии ватанамон мехнат кунанд ва фирефтаи Аврпоу дигару дигар нашаванд
Агар апаи Файзиниссо шумо гами мардуми Точикистона мехурдед ё хиси мили медоштет рафта дар дигар давлатхо ба нибати давлату милати худ гайбат намекардед
Файзиниссо Воҳидова Шумо кайд кардед, ки бо даъвати ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел даъват шудед! Шояд Шумо барои ба он чо рох ёфтан, илтичою кушишхои зиёде карда бошед. Хаминтавр не? Барои чи моро даъват намекунанд.
Рост мегуeд бародарон! Ман фикр мекунам на танхо илтичою тавалло балки аз тинчию сулху салохи точикистон ва зиндагии шоистааш хам шикоят кардааст, баъд уро даъват кардаанд... Зеро ба ин гуна шахсон фазои орому осуда ва зиндагии шоистаю хуррамона хуш намеояд. Чи хеле Лоик мегуяд: Барои кинадорон сулх чанг аст... Э лаънат ба фурухташудагони хоричи!!!!
Файзинисо Воҳидова Шумо бехабар не, балки аз тамоми ходисахои Точикистон бохабаред. Мисли шумоен дар тамоми чахон бисёранд ва максади онхо хам як аст, ба хотири манфиати худ омодаед бо душманони чахон хамкори намоед. Охир ин кори зан нест! Кори зан тарбияи насли наврас ва ба рохи дуруст гузоштани онхост. Манзарат мехохам аз Шумо, вале фикрам нисбататон хаминаст, ки Шумо чинсатонро фаромуш кардаед.
Валлох ки ами гфтахои шмост Файзиниссо "Агар бо мухолифини ҳукумат вохӯрдан ҷиноят ва хиёнат бошад, пас муфтии Тоҷикистон ва дигар аъзоёни ҳукуматиро барои дар як саф бо Кабирӣ нишастан ҳабс кунанд, ман худам довталабона ҳозир мешавам". Ика мардума ваъда доди ки наита менем, наута менем, окибат ба хорича грехте рафтеву и мардума фромшт кае. И мардуми фиребхурда шмора хеч вакт фромшт намена. Мна бовар накни як бор ба Дшанбира биё амино хдшу масалата хал менан.
Пулия (агар ин ном бошад ном нашуда мурад) менависи ки ин хонум худро сиесатмадор мехисобад. Пулия ту интервью Вохидоваро е на хонди ва е майна надори . Охир ин хонум навиштааст, ки сиесатмадор нест ва ягон фаъолияти сиеси намебарад. Шумо барои чи аз ин хонум тарсидед ва дар кучо Вохидова зидди хукумат баромад кардаст? У чанд суханро аз гуфтахои аврупоихо овардааст. Аммо худаш факат аз хукуки инсон гуфтаст. Хамаи шумо Пулия муля агент хое мебошед ва ба баданатон кайк даромад ки дар Аврупо аз чиноятхои шу мо нисбат ба мардум бо хабар мебошанд
Абдуллочон бародар моам фахмидем, ки апаи Шумо Файзиниссо аз сиёсат нею аз хукуки инсон мегуяд. Аммо фаромуш накун, ки Либия, Сурия, Ироку дигар чойхода аз пушти хукеуки инсону ана хамин хел хомиёни хукук хазорон кас мурдестай!!!
О, Аврупора пулаш нагзу, интикодаш намефора, фейкои хукумата, агар МО худамон оштиии вокеи мекардем, хукумати чкумрии авлоди намемохтем, молу мулки дигарандешонро намегирифтем, хуллас, адолату инсофро баркарор мекардем, интихоботхои шаффоф мегузаронидем, вазият ба ин дарача намерасид. Худо окибаташ нек кунад!
ЗИНДА БОШЕД ФАЙЗИНИСО!!!АЧАБ ЗАМОНАЕ!!ХАКИКАТРО АДОЛАТРО ТАЛАБ КУНЕД,ХОИН ВА ТЕРОРИСТ НОМ МЕБАРАНД!!!ОНОНЕ КИ БО ДУРУГУ ФИРЕБ ДАР ГОРАТУ ЗУЛМИ ХАЛКАНД -ШОЁНИ ХАМДУ САНОЯНД!!!!!!!ВИЧДОНАТОН КУЧОСТ!!!!?НАНГАТОН КУЧОСТ!!!!?ОРИЯТ ДОРЕД!!!!!КУЧО РАВОНАЕД!!!!
БА РОХАТУЛЛО. ГАП ДАР ИН ЧО ДАР БОРАИ ФИТНАКОРИ НЕ, ГАП ДАР САРИ ДАВЛАТДОРИВУ ВАТАНДОРИ МЕРАВАД. ВАКТЕ КИ МО АВРУПО МЕГУЕМ, БОЯД ДОНЕМ, КИ АВРУПО ДАР ЗЕРИ НАИ КИ РАКС МЕКУНАД, АЛБАТТА ТАХТИ САРПАРАСТИИ БЕВОСИТАИ АМРИКО. БАРОИ ХАМИН ДУСТАМ, БА КАЛИМА НАВУ БА МАЗМУНИ МАСЪАЛА ДИККАТ ДОДАН ЛОЗИМ АСТ.
БА РОХАТУЛЛО. ГАП ДАР ИН ЧО ДАР БОРАИ ФИТНАКОРИ НЕ, ГАП ДАР САРИ ДАВЛАТДОРИВУ ВАТАНДОРИ МЕРАВАД. ВАКТЕ КИ МО АВРУПО МЕГУЕМ, БОЯД ДОНЕМ, КИ АВРУПО ДАР ЗЕРИ НАИ КИ РАКС МЕКУНАД, АЛБАТТА ТАХТИ САРПАРАСТИИ БЕВОСИТАИ АМРИКО. БАРОИ ХАМИН ДУСТАМ, БА КАЛИМА НАВУ БА МАЗМУНИ МАСЪАЛА ДИККАТ ДОДАН ЛОЗИМ АСТ.
YAgon vaqkt Avrupo zeri musikii Amriko raks nakardas.Rakskuni az hudaton dur naravad, chun rakosed, digar hej!Avrupo yak kitai peshraftai sajora ast. Puli erihoi bashardustonai Avrupo lozimu harfash ne? Raz hojahoi shumo az pulhoi onho kisa pur mekunand , pas boyad ba har nomakuliashon javob doshta boshand. Injo fejkho Vohidovaro baroi berun burdani "siri davlati" gunahkor mekunand, ohir du -se sol pesh hudi Rahmon dar ba dari davlathoi Avrupo ,bad dar ohir dar Brussel (nazdi evroparlament)az raftoru kirdori Tojikistoni kashok malumot doda bud.Vohidova sijosatmador nest u az hukuki manu tu gufta istodaast.
Ба Абдулло. Ин кадар тарафи Файзинисои "Бефайз"ро гирифта истодаи? Аз ин бармеояд, ки ту хам шарики хамин акидахои олудаи! Магар пахлуи Додочони Атовулло ва дигар ватанфурушон нишастану сухан кардан ва аксхо гирифтан дуруст аст. Хеч кас дар бораи Хукумат гап назадааст вале амалу рафтораш ва акидахои Файзинисо Вохидова зиддихукумативу зиддихукукист. Чаро... Барои он ки вакте ки он чиро ки мардум мехохад у намехохад ва он чиро ки хоричиен мехохад у хамонро мехохад. Пас мардум низ зидди фикру рафтори уст.
БА ИСФАРА. Номи шахрвандони Исфараро ба забон нагиру харф назан ва олуда нагардон! Мардуми Исфараи бостони сохиби дониши саводи зарури аст. Аз суханронихоят маълум аст, ки ту зодаи ва сокини шахри Исфараи бостони нести ва нафаси тозаи ончоро начашидаи! Хулоса мо мардуми химматбаланд тарафдори хамин хукумати кунуни хастем, ки СУЛХУ ВАХДАТро ба мадди аввал гузоштааст ва калбу дилу нияти Пешвои миллати точик Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон хамин буд, хаст ва мемонад. ЗЕРО ЭМОМАЛИ РАХМОН ХАДЯИ ИЛОХИСТ ба такдири халки точик.
БУЗУРГМЕХР!! СУЛХУ ВАХДАТ БО ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ТАМОМИ МАРДУМ МАЬНИ ДОРАД!!!...ТУ КУЧАХОИ ИСФАРАРО БИН ХАММА ЭЬЛОНИ ХОНАФУРУШИВУ ДУКОНФУРУШИ!!!ШУРОБРО БИН АФГОНИСТОН-2 ГАШТААСТ!!!БА НИСФИ ЗАМИНИ ЧОРКУХУ ВОРУХ КИРГИЗ СОХИБ ГАШТААСТ!!!НИСФИ МАРДХО ДАР ГАРИБИ,БОКИ МОНДА АЗ БЕБАРКИВУ БЕКОРИ ДАР АЗОБ!!!...ИЛТИМОС ЯКРУ ШАВ!!НАНГУ НОМУСА ПЕШ ГИР!!!..ЧУ МО ФАРЗАНДИ КУХХОИ БАЛАНДЕМ.БА МО ПАСТИ НАМЕЗЕБАД БАРОДАР!!!
Э ХУДОЕ ИН МАРДУМА БИНА БО ПУЛИ АМЕРИКАВУ АВРУПО РОССИЯ ЗИНДААСТ ЯК КАС АВРУПОРАФТАС ИН КАДАР МИНАТ МЕКНЕН Э ШУМО БАХИЛИЮ БУХСРО АЗ ДИЛТОН КАЙ МЕПАРТОЕНД
Соли дароз ин министро депутато раисо мазза кара аз ин давлат ба вай давлат мегардан хеч кас кор надорад як зан аврупо рафтас ин кадар танаю бахилию мурданатон бехтар, ин тарифкунако хама фейки хукумато, саволу чавоб хонда боши хамат кур хасти? Дар кучо Точикистона танкид кардаст е давлата бад гуфтаст э муред инсон нашуда. Йо хорича рафтан факат занои раис машукахои вазирова мумкин?
Э хубуш кабири барин дигар наё. Ман ҳамин хел фаҳмидам. Ҳаинаш бароят хубтар
Ба хамаи шумо бародарон ва хохарони азиз! Инчо хар як шахс метавонад фикру акидаи худро баен кунад. Аз сухани якдигар шумо дар инчо ба кахру газаб омада истодаед. Шукри Худованд, ки хамаи мо хамватан хастем, дар як диер зиндаги карда истодаем. Бояд ин матнро бо пурраги хонда ва мазмуни онро дониста баьд андешарони карда сухани худро бигуед. Албатта дар чахони имруза бозихои сиеси хеле зиед аст. Агар бинед, дар Точикистон танхо мову шумо бесаводхо кору зиндаги карда истодаем, дигар хамаро аз он чумла ин занро, ки Файзинисо ном доштааст, берун аз ватан сохтанд. Иттиходи Аврупо яке аз давлатхои пешсафи чахон мебошад, ки дар тамоми дуне сафоратхона ва е чизи ба хамин монанди худро дорад, ки бо воситаи ин тамоми маьлумотхоро дорад. Сиесатмадорхои Точикистон, ва дигар шахсони мансабдор имруз чи максад доранд, чи корхоеро анчом медиханду доданд, мо намедонем, вале онхо медонанд. Бояд хакикатро чустучу кунем, аксарияти мову шумо аз сиесат дур хастем, ва дониставу надониста хар хел суханхоро гуфтан лозим нест. Тамоми созмонхои байналмилали аз чумла Созмони Бухроншиноси, Сзмони Амният ва Хамкори дар Аврупо гуфтанд ва Точикистонро хушер доданд, ки бастани Хизби Нахзати Исломии ТОчикистон як кори хато буд. Онхое, ки берун аз ватан хастед кушиш кунед, ки пеши рохи хар гуна корхои бадро дар Точикистон бигиред... Худо нигахбонатон бошад Омин!!!
Маълум аст, ки бахсхо байни 2-3 нафар шуда истодааст. Бахси бемантик.
ман аз инҷо як хулосаи аниқ баровардам ки як нафар фабрикаи ҷавоб шуда истодааст бинед суханҳо бо як мазмун тарзе мегӯяд гӯё ҳукумат ғамхори милат бошад тоҷикистон бо тинҷияш шикамаш сер бошад..аҷоиб бемантиқ бе асос сухан мегӯед марди намондааст ку ба як зан модар инкадар часпидед бинед ин зан бо вуҷуди зан буданаш инқадар ҳақиқат парасту ватандӯст аст ӯ Файзиниссо милатро бад накард баракс милатро шумо барин дусе лаганбардорҳо ки дар тамоми шабакаҳои интернети фабрикаи ҷавоб мешавед ман медонам шумо ба ин коратон музд мегиред касе аз исфара ҳақро гуяд шумо исфараги мешавед касе аз истаравшан бошад шумо истаравшан мешавед касе абдулло бошад шумо абдуло мешавед.умуман коре мекунед барои ман шармандаги ақалан аз виҷдонатон шарм доред инқадар дод мезанед кани барои ман аз озодии мардум сухан гуед ҳама дар тарсу ваҳм зиндаги мекунад нест баробарҳуқию адолат.агар адолат медошт Ҷаноб фарзанде,ки акнун ба 29 даромада истодааст вазир яъне раиси оҷонсии зиди фасод таин намекард ҳамаш маълум биё якбор Худо гӯй ҳамин худованд аз ҳамин корҳои мо розиаст ?22-май райпурси мешавад мегӯянд аз ин бад депутатҳову вазирон умуман коргарҳои давлат бояд ба номи Ҷанобӣ олӣ савганд ёд кунад ту агар инсоф дори гап зан оё қасам ба одам ҷоиз аст о ҳато ба Паёмбар(с) қасам ёд кунем дар назди Худо гунаҳкор мешавем о ин Ҷаноби олӣ паёмбар ё авлиёоллоҳ нестку.боқи Худован шуморо "фабрикаи ҷавоб" ҳидот кунад ва илооо....!тоҷнюс озод бошу чоп кун зеро қонун кафолат медиҳад,ки шахс фикрашро баён кунад
тоҷнюс ҳақиқатро мепӯшони ту тарафдори халқ нести бали тарафдори ҳукумати худкома ҳасти Худованд аз роҳи покаш ҳеҷ касро бегона нагардонад...омин
Мухамадрасул ин калимаи бематикро хама вакт истифода мебари ту хамон одам нести дар зелло баромад мекуни дар канали точикистон 2 буди хозир дар анчумани нерухои созандагон баромад карда мардума фиреб мекуни сад одам дар канал чамъ мешад вохима карда дар европа шишти бо меги мо хукмати нав месозем ба худат як савол дар хаетат чанд нафар шахсро сохиби кор карди е ин ки ердам карди мардонавор чавоб навис ба фикрам ягон касро.
Албата хеч ягон кишвару созмони хоричи барои мо чомеаи ободу кишвари мутаракиро сохта намедихад.Агар мо вокеан диламон барои ватану милат сузад бояд хамдигар фахмию гуногунандеширо эхтиром кунем.Хусусан дар замони муосир хамкорию судманди тарафайн чи дар сатхи хукумат ва чомеаи шахрванди бо кишвархои хоричи аз чумла итиходи Аврупо зарур аст.Муалима Вохидова хамчун хукукшинос ва намояндаи чомеаи шахрванди дар хамкорихо метавонад накши мухим бозад.Эшонро танаю танкид кардан мояи нодони ва чахолат аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?