Файзинисо Воҳидова: Дар “Форуми Доҳа” таҷрибаи Тоҷикистонро хуш пазируфтанд

Дар “Форуми Доҳа” дар Қатар, ки аз 21-ум то 23-юми майи баргузор шуд, аз Осиёи Миёна танҳо Файзиниссо Воҳидова, адвокати маъруфи тоҷик ширкат дошт, ки мегӯяд таҷрибаи Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ муаррифӣ кардааст.  

Дар суҳбат бо хабарнигори “TojNews”, бону Файзинисо дар бораи ҷузъиёти бештари форуми мазкур нақл кард.

Дар Форум киҳо ширкат доранд? Аз мақомоти расмии Тоҷикистон касе ҳаст он ҷо?

Аз мақомотҳои расмӣ ва умуман аз Осиёи Марказӣ намоянда нест. Ман танҳо аз Тоҷикистон иштирок дорам.

Президенти Ҷумҳури исломии Афғонистон иштирок дорад. Президентҳои Уругвай, Нигерия ва худи Амири Қатар  низ дар баҳсҳо фаъол аст. Инчунин раисони ҳукуматҳо, вазирон ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доранд.

Гуруҳҳои калони иборат аз шахсиятҳои сиёсӣ, тасмимгирандагон, соҳибкорон, донишмандон, хабарнигорон, депутатҳои парлумон, намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ, намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз кишварҳои гуногуни олам иштирок карданд.

Аз чӣ баҳс мешавад? Ба мушкили дигар кишварҳо чи баҳо медиҳед? Оё мушкили мо ва онҳо муштарак аст?

Масъалаи форум терроризму экстремизм ва амнияти давлатӣ барои кишварҳои манотиқи гирифтор аст. Мушкилоти асосии мавриди баҳс ҳамин буд. Мушкили кишварҳои дигар ҳам анқариб мисли мушкили мо аст. Масалан ҳатто вазири корҳои хориҷии Қатар дар баромадаш як маротиба кишвари моро ба забон оварда гуфт, ки дасти ДИИШ то Душанбе дароз аст. Вай гуфт мо набояд мунтазир шавем, ки ДИИШ хамаро қир кунад? Имрӯз ДИИШ дасти дароз дорад ва то Душанбе дасташ мерасад.

Афзалият дар баҳси ин форум ба ҳамин мавзӯъ дода шуд ва ҳамчунин тағйири иқлим низ хеле баҳсангез буд.

Оё Шумо ҳам суханронӣ кардед? Дар чӣ масъала?

Ман баромад надоштам. Чун ин ҷо як гуфтугӯи озод сурат гирифт.  Инҷо ҳамчунин дар масоили иқтисод, энергетика, ҳуқуқи инсон ва терроризму экстремизм баҳс карданд. Дар баҳсҳо иштирок доштам. Имкони баёни ақида вуҷуд дорад. Ман шахсан дар баҳси терроризм ва экстремизм ва пешгирии он суханронӣ кардам. Дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон гуфтам, ки хеле хуб пазируфта шуд.

Мушаххас чи гуфтед?

Ман дар бораи таҷрибаи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон дар хусуси он ки, касе довталабона ба мақомот ҳозир шуда, таслим мешавад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, нақл кардам.  Ин тарзи корро хеле мусбат пазируфтаанд. Ҳатто намояндаҳо аз бархе кишварҳо изҳор карданд, ки чунин таҷрибаро дар ҳама давлатҳо ҷорӣ кардан лозим аст ва ин як роҳи хеле хуби пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгаро мебошад.

Аз Комиссияи ҳуқуқи инсони Созмони милали муттаҳид низ дар ин форум иштирок доштанд, дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чи гуфтанд?

Намояндаҳои СММ ва дигари созмонҳо дифоъ аз ҳуқуқи башар дар бораи риоя нашудани ҳуқуқи инсон зимни мубориза алайҳи терроризм бе ишораи махсус ба ягон кишвар хеле сахт интиқод карданд ва гуфтанд, ки бархе аз кишвархои минтақаи Осиёи Миёна пойбанди омор шуда, афроди бегуноҳро дастгир мекунанд. Додгоҳ бе ягон далел ба солҳои тӯлонӣ маҳкум мекунад ин нафаронро. Пешниҳод карданд, ки аз ин ҳукуматҳо дархост  карда шавад, то намояндаҳои созмонҳо бо афроди ба терроризму экстремизм мутаҳҳамшуда вохӯрии як ба як дошта бошанд.

Агар муайян гардад, ки шахс бе далел суд шудааст, аз ҳукумати ҳамон кишвар талаб карда шавад, ки ин ашхос аз ҷавобгарии ноодилона озод шаванд. Аслан, номи ягон кишварро номбар накарданд, ба таври умум аз чунин ҳуқуқвайронкуниҳо гуфта гузаштанд.

-Ҳадаф аз ин Форум фақат табодули афкор буд? Ё ягон изҳороту баёния ҳам қабул гардид дар натиҷа?

Ҳадафи давлати Қатар дар баргузоркунии “Форуми Доҳа”, тавре дар барномаи форум зикр шуда буд, зарурияти тақвияти сулҳу истиқрори ҷаҳонӣ сарманшаъ гирифтааст. Форуми мазкур чорчӯба солим барои гуфтугӯи озодро ташкил медиҳад. Ин даъфа дар ҷаласаҳо масъалаҳои ҳаётӣ, амсоли иқтисод, энергетика, амният, мудофиа, ҷомеъаи шаҳрвандӣ зери шиори “Истиқрору пешрафт барои ҳама!”, ба баррасӣ гирифта шуд.  

-Ташаккур, барои суҳбати самимӣ.

-Саломат бошед.

Назарҳо

Э акун ту кор наёфта ба фикри тероризму экстиримизм гаштӣ! Рафта ягон кори дигар кун тоҷикон ягонвақт терорист набуданд ва нестанд ту киро рафта муаррифӣ карда омадӣ миллати худата...

Шояд шумо суол ё назаре доред?