Фатвои Шӯрои уламо барои кор кардан дар ташкилотҳои қарзӣ

Шӯрои уламои Тоҷикистон кор дар ташкилотҳои қарзиро раво донистааст.

Як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз масъулини ин ниҳод пурсидааст, “оё мо метавонем дар ташкилотҳои қарзӣ кор намоем?”

Дар посух ба ин суол сомонаи Шӯрои уламо посух додааст, ки “кору фаъолият дар идораву муассиса ва ташкилотҳои қарзӣ ба ҳайси иҷора мебошад. Аз сабаби он ки шартҳои иҷора дар ин навъи фаъолият вуҷуд дорад, кор кардан дар ин ташкилотҳо раво аст.”

Назарҳо

Салом ба кормандони Тоҷнюс, аз ҳамаи шумо илтимос дорам ки ин мактуби маро чоп кунед. Мурочиат ба раиси шӯрои уламо. Мӯҳтарам ҷаноби муфтӣ, шумо ки имрӯз ҳар фатвое ки мехоҳед медихед. Барои чӣ аз гуфтани ҳақ метарсед? Раиси шаҳр дар моҳи мубораки рамазон фаолияти тарабхонахоро бетағири соати корӣ пешниходи халқ кардааст ва ҳатто кормандони мақомотро вазифадор кардааст, ки ин корро ҳатми кунанд. Шумо барои чӣ хомушед? Магар аз Аллоҳ наметарсед? Ба Худо қасам аз инхел муфтигиатон дар бозорхои шаҳр кор кунеду зиндагӣатонро пеш баред ин беҳтар аст. Фардои қиёмат Худованд дар забонатон лачоми оташин мезанад дигар пушаймонӣ сӯд надорад. Аз Худо битарсед. Кормандони Тоҷнюс илтимос чоп кунед.

Шояд шумо суол ё назаре доред?