То фасли гармо кӯли сунъии Барсемро бояд рахна кунанд

Бояд то охири моҳи марти соли равон маҷрои оби рӯдхонаи Ғунд дар деҳаи Барсем, ҷамоати деҳоти Сучон дар канори шаҳри Хоруғ иваз карда шавад.

Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон зимни боздид аз кӯли сунъӣ дар деҳаи Барсем ба раванди корҳои рахнасозии он шинос шудааст. Ӯ супориш додааст, ки то баланд шудани оби маҷрои рӯдхонаи Ғунд, то охири моҳи март тамоми корҳо дар ин самт ба анҷом расонда, маҷрои об дигар карда шавад.

Кӯли сунъӣ дар деҳаи Барсем дар пайи офатҳои табиӣ дар охири моҳи июли соли гузашта ба вуҷуд омада буд. Барои рахна кардани он Ҳукумат 1,9 миллион сомонӣ ҷудо кардааст, ки ҶДММ “Панҷ” машғули рахнасозӣ мебошад.

Моҳи июли соли гузашта гармии ҳаво дар вилояти Бадахшон боис ба фуромадани селобҳои шадид шуд. Дар натиҷа рустоҳои наздисоҳилӣ дар шаҳру навоҳии Хоруғ, Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз ва Ғарм осеб диданд. 8 нафар дар ин ҳодисаҳо ҷон бохта буданд. Маблағи хисорот беш аз 100 миллион доллар ҳисоб карда шуд. 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?