Фаррух Амонатов дар мусобиқоти Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ ҷойи дуюмро гирифт

Фаррух Амонатов – шоҳмотбози маъруфи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ дар шаҳри Олмотии Қазоқистон бо дарёфти 7,5 имтиёз аз 9 бозӣ сазовори ҷойи дуюм шуд.

Дар ин сабқат шоҳмотбози қазоқ Ринат Ҷумъабоев ҷойи аввалро соҳиб шуд. Миқдори холҳои бадастовардаи Ринат ва Фаррух баробаранд, вале шатранҷбози қазоқ дар қиёс ба Фаррух Амонатов  пирӯзии бештар дошт ва боназардошти ҳамин имтиёзҳо ӯ дар мақоми аввал қарор гирифт. Фаррух Амонатов барои ҷойи дуюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

  Аммо дар хабарҳо гуфта мешавад, ки Ринат Ҷумъабоев дар мусобиқоти Олмотӣ танҳо бо ду гроссмейстер (Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ва Ҷаҳонгир Воҳидов аз Узбакистон) вохӯрд ва бозиро бо Амонатов бохт ва бо Воҳидов дуранг анҷом дод.

Ҷойи сеюм бо 7,5 имтиёз, вале 5 ғалаба насиби шантранҷбози қазоқистонӣ Петр Костенко шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар мусобиқоти Ҷоми Осиёи Марказӣ Фаррух Амонатов аз 9 бозӣ ягон бохт надошт. 

Фаррух Амонатов, устоди сатҳи байналмилалӣ ва ягона шатранҷбози тоҷик, ки унвони гроссмейстер дорад. Вай  37 сол дошта, дар айни замон мураббии тими бачагонаи шоҳмот дар Русия мебошад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Ассалому алекум! Ман мехостам аз шумоён фахмам ки мусобика оид ба шохмот дар Точикистон барои дарефти шохмотбозони чавон баргузор мегардад ё не?

Шояд шумо суол ё назаре доред?