Фаъолияти тарабхонаҳо дар Рамазон: Дастури шаҳрдорӣ то куҷо иҷро мешавад?

Раиси шаҳри Душанбе ба ошхона ва тарабхонаҳои пойтахт дастур дод, ки дар моҳи Рамазон ҳам реҷаи корияшонро тағйир надиҳанд ва рӯзона ҳам фаъолият кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ки аз ҳукумати шаҳри Душанбе 6-уми июн садо дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҷаласаи навбатии ҳукумати шаҳр, “аз роҳбарони меҳмонахонаю тарабхонаҳо, марказҳои савдою тиҷоратӣ ва сохторҳои хизматрасонии тамоми соҳаҳо, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранд, муваззаф намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бе тағйири реҷаи кори амалкунанда, дар сатҳи баланд, фаъолият намоянд ва мақомоти марбутаи назоратӣ дар ин самт вазифаҳои хизматиашонро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монанд.”

То ҳол дар бораи ин ки кадоме аз меҳмонхонаҳо ё марказҳои савдою тиҷоратӣ дар моҳи Рамазон реҷаи корияшро тағйир дода бошад, иттилоъ нарасидааст, аммо бино ба мушоҳидаҳо ҳудуди 80 фоизи тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон дарҳои худро бастанд.

Барои мисол, дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт, ки идораи ҳафтаномаи “Нигоҳ” қарор дорад, аз 7 ошхона ҳамагӣ дуи онҳо кор мекунад.

Дари бастаи тарабхона ё ошхонаҳо ва ҳатто дуконҳои кӯчаки ғизову яхмос ва обфурӯшӣ барои аксарияти сокинони пойтахт, як амри табиӣ аст. Дар ҳоле, ки дар моҳи Рамазон, аксарият дар пойтахт, ҳамчунон, ки дар манотиқи дигари Тоҷикистон рӯзадоранд ва аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб, истеъмоли обу ғизо барояшон манъ аст.

Агар ба омор бовар кунем, 99 фисади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд ва бинобар имону эътиқодашон рӯза барояшон яке аз 5 фарзи илоҳист, ки дар баробараш баҳона пеш овардан мумкин нест.

Нафароне, ки бинобар узри шаръӣ, барои мисол ба сабаби беморӣ имкони гирифтани рӯзаро надоранд, аз анҷоми ин фарз сабукдӯш намешаванд. Балки бояд рӯзаро ба вақти дигар бигиранд ва ё фидяи савм бипардозанд. Ва тибқи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол фидяи савм баробар ба 600 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар шудааст.

Мусаллам аст, ки дари бастаи тарабхонаву ошхонаҳо на далелҳои эътиқодӣ, ё зиёдаравии динӣ, балки бештар иқтисодӣ – бозорӣ дошта бошад.

Маҷбур кардани ин соҳибкорон ба савдо ва хизматрасонӣ, вақте рӯзи дароз касе дарашонро намекӯбад, аз мантиқ дур менамояд.

Дурутстар мебуд, агар ин дастур ба шакли дигар садо медод. Барои мисол, агар ба ошхонаю тарабхона дастур дода мешуд, ки фаъолияташонро баъд аз шом, вақти ифтор густардатар ба роҳ монанд, шояд ин иқдоми шаҳрдорӣ, дар ҷомеаи мусалмонии кишвар баҳои мусбат мегирифт.

Айни ҳол, мутаассифона, чунин иқдом як андоза манфӣ қаламдод шуд. Бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо ин иқдомро боз як исломситезӣ маънидод карданд.  Эътиқоди мардумро, хоса вақте 99 фисад ба он қоиланд, бо як-ду амру наҳй тағйир додан корест мушкил ва ҳатто номумкин.

Ҳол он ки дар ошхонаҳое ҳам, ки дарашонро бастанд, иқрор мешаванд, ки дар моҳи Рамазон ҳам, дар ҳолати пайдо шудани мизоҷ, ба хизматрасонӣ омодаанд. Дар баъзе тарабхонаҳо гуфтанд, ки мизоҷонашон вақти ифтор бештар шуда, боис шудааст, ки кории онҳо то соати 23:30-и шаб авҷ бигирад.

Дар ошхонаи “Озода” дар сӯҳбат ба “Нигоҳ” гуфтанд, ки аз дастури ҳукумати шаҳр хабар надоранд, аммороҳбарияташон тасмим гирифтааст, ба камчини муштариён нигоҳ накарда, рӯзона ҳам фаъолият кунанд.

Дар Қурутобхонаи “Файсал” низ гуфтанд, айни ҳол аз дастури шаҳрдорӣ хабар надоранд, аммо мегӯянд, бинобар ин ки дар ҳолати пурра қатъ кардани фаъолият коргарони ошхона бемаош мемонанд, тасмим гирифтаанд, кор кунанд.

Ҳафт нафар коргарони ин ошхона вобаста ба теъдоди мизоҷон ва рӯзбайъ маош мегиранд. Ҳоло бошад, ғизоро камтар, бо назардошти теъдоди муштариён омода мекунанд, то зиён набинанд.

Нилуфари КАРИМ

Назарҳо

Салом хидмати хонандагони гироми. Франция бо вучуди онки мусалмононаш андак аст Вале ба хотири эхтиром гузоштан ба мусулмононе ки тарабхона доранд ва дар мохи шарифи рамазон дари ошхонаи худро бастаанд давлат ба хотири онки дар ин мох фаолят надоранд аз онхо дар ин мох молиятро хазф карда гуфтааст ин тарабхона хо молиет пардохт накунанд. Шахрдори шахри Душанбе ба зохир мусулмон вале мардумро амалан ба рузахури даьват мекунад. Дур набошад ки гирифтори азоби илохи гарданд.
Бародар ту Ахмад нею Ахмак будай. Хозирам бозихои хамон амрикою фаронсаю олмонда сарфахм намеравй. Дар ончо ошхонахое, ки барои мусалмонон зери тамгаи халол кор мекунанд, 1 фоиза ташкил намекунанд. Барои хамин онхоро аз молиёт озод мекунанд ва акалан мохи шарифи рамазонро повод карда бастани онхоро ичозат медиханд. Барои он ки имруз хамон давлатхои мегуфтагит аз мусалмонону ошхонахошон безоранд. Нафрат пайдо кардаанд. Дар мо бошад бародар ошхонахо хамаги хуроки халол омода мекунанд, ки аз онхо нафакат мо точикону дигар мусалмонон истеъмол мекунем балки хазорон хазор мехмоне, ки имруз дар Точикистон хастанду ё аз руи динашон руза намегиранд ё мусалмонанду бинобар сабаби сафар рузахуранд, истифода мекунанд. Барои хамин бояд хамаги кор кунанд!!! Дигар ин ки руи хамон мусалмоне сиёх ки дари кушодаи ошхона уро ба рузахури водор кунад!!! Имон бошад дар дахонат хурока ройгон монанд намехурй аммо набошад дари ошхонахои Убайдуллоев кушодагира бахона накун. Моку дар чомеаи дунявй икомат дорем касе туро барои рузахурит кофир амр намекунад. Барои хамин бахонаи зани гу...н нони чавин накунед.
Точнюс шумо медонед, ки чопи ин мавод каппаи ин сохибкорон дуд кард!! Хизмати хирсона мекунед-да.! О намешава дастури шахрдори оиди тайёри ба зимистона пайгири кунед!
Иншоаллоҳ ин зулмҳо дер давом намекунад. Сохиби ин дин Аллоҳ аст худаш ҳимоят мекунад. Иншоаллоҳ мо умед дорем ки Аллоҳ барои мо раҳм мекунад... Тоҷнюс илтимос чоп кунед

Шояд шумо суол ё назаре доред?