Фаъолияти 133 масҷидро дар ноҳияи Рӯдакӣ манъ кардаанд

Дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти 133 масҷидро ғайриқонунӣ дониста, фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ин масҷидҳо бидуни ҳуҷҷатгузории зарурӣ бунёд карда шудаанд. Ҳоло бинои масҷидҳои мазкур бо қарори раиси ноҳия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, толори варзишӣ, марказҳои фарҳангӣ, компютерӣ ва дузандагӣ мубаддал шудаанд.

Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳия фаъолияти семасҷид қатъ шуда, ба муассисаи томактабӣ табдил дода шудаанд.

Тибқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар зиёда аз 4 ҳазор масҷид расман фаъолият мекунад. 8-уми феврал дар нишасти Прокуратураи генералӣ гуфта буданд, ки тибқи таҳлили мақомот барои қонеъ кардани талаботи динии мардум ин масҷидҳо кофӣ мебошад. Санҷиши мақомоти Прокуратура дар соли гузашта 600 масҷидеро ошкор кардааст, ки бидуни қайди расмӣ фаъолият доранд.

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо дар маҳаллаҳое ба бунёди масҷидҳои нав иҷозат хоҳанд дод, ки дар наздикии аз 50 то 100 метри он масҷиди дигар мавҷуд набошад.

Дар 2 соли ахир 1032 масҷид дар минтақаҳои Тоҷикистон ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ ё ба истилоҳ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудааст.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

".........Прокуратураи генералӣ гуфта буданд, ки тибқи таҳлили мақомот барои қонеъ кардани талаботи динии мардум ин масҷидҳо кофӣ мебошад........... *** АЧИБ, ЧИ ХЕЛ ОДАМОНЕ КИ ДА УМРАШОН МАСЧИД НАРАФТААН ДАР БОРАЙ КОФИ БУДАНИ МАСЧИТ ГАП МЕЗАНАН? И МАСЧИДОРА ХУДИ МАРДУМИ МУСАЛМОНИ БА ОН ХОЧАТУ ЗАРУРАТ ДОШТА СОХТААНД - ХАМИН ДАЛЕЛИ НОКОФИ БУДАНИ МАСЧИД АСТ, ДАР ХОЛЕ КИ ДАР ДАВЛАТХОИ НОМУСУЛМОНИ ХАМ МАСЧИДА ДАВЛАТ МЕСОЗАД....... *** " ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, толори варзишӣ, марказҳои фарҳангӣ, компютерӣ ва дузандагӣ мубаддал шудаанд - ***** ЧАРО ИКАДАР МУАССИСА ХУЧЧАТ ДОШТА БУДАСТУ ФАКАТ ХОНАХОИ ХУДО БЕДАКУМЕНТ БУДИЯН? НАШУНИДЕМ КИ ЯГОН РЕСТОРАНУ ДИГАР ХЕЛХОНАХО БО ДАЛЕЛИ ГАЙРИКОНУНИГИАШОН БАСТА ШАВАНД ,,,,ИХЕЛИ МУАССИСАХО ДОИМО АЙНИКОНУНИ БОШАНД?... ***** АЛБАТТА АЛЛОХИ МУТАЪОЛ ЗОЛИМРО МЕШИНОСАД ВА БА У "МУКОФОТИ " ИН АМАЛАШРО ХОХАД ДОД!

Шояд шумо суол ё назаре доред?