Facebook ба манбаи бузурги гузариш ба сомонаҳо табдил меёбад

Теъдоди истифодабарандагони интернет, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Facebook ба пойгоҳҳои интернетӣ мегзуранд, ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Бино ба ҳисоби коршиносони сомонаи интернетии Parse.ly  гузариш аз калонтарин шабакаи иҷтимоии ҷаҳон- Facebook ба пойгоҳҳои дигари интернетӣ аз шабакаи ҷустуҷӯии Google бештар мебошад. Parse.ly пайваста саргарми таҳлилҳои ҷустуҷӯиву кофтуков дар интернет аст. 

Коршиносони шабакаи Parse.ly бештар аз чаҳорсад манбаъҳои бузурги интернетиро мавриди таҳлил қарор додаанд. Аз ҷумла, нашрияҳои иттилоотиро, ки беш аз шаш миллиард  нафар моҳона аз онҳо дидан мекунанд. Ин шабакаҳо ҳатто бештар аз миллиард корбари ҳамешагиву доимӣ доранд, ки ворид мешаванд. 

 Таҳқиқот нишон додаст, ки 43 дарсади гузариш аз ин манбаъ ба манбаъи дигар ба Фейсбук тааллуқ мегирад. Ин дар ҳолест, ки аз ҳисоби умумӣ ҳиссаи Google аз 38 дарсад беш набудааст.

Моҳи октябри соли 2004 низ дар бораи пешии Фейсбук аз Google дар  мавриди бартарияташ дар ҷустуҷӯ миёни корбарон иттилоъ пахш шуда буд. Аммо ҳанӯз моҳи январи соли 2014 ҳамагӣ 20 дарсади гузаришҳо ба Facebook мутааллиқ буд.

Роҳбари сервиси таҳлилии Chartbeat Тони Ҳейл аз ин хулосаҳо ҷонибдорӣ крадааст. Вай гуфтааст, ки Google ҳамоно як сервиси муҳим дар ҷустуҷӯҳои интернетист, вале пеш рафтани Фейсбук ҳоло ҳам ба маънои заъфи Google нест.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?