Эътирози ҷавонон дар ДМТ: Мо демократияи худро дорем (ВИДЕО)

 

Як гурӯҳ аз ҷавонони кишвар бо баргузории ҳамоиш дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қатъномаи ахири Иттиҳоди Аврупо дар бораи озод кардани аъзои ҲНИТ ва адвокатҳоро маҳкум карданд.

Ин ҷавонони эътирозгар, ки наздики 50 нафарро ташкил медиҳанд аз Иттиҳоди Аврупо талаб карданд, ки аз пуштибонии ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ва саркардагони он худдорӣ кунанд.

Аслиддин Хушвахтов, яке аз иштирокдорони ҳамоиш дар баромадаш гуфт, “аъзои ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон қонунро шикастаанд, хун рехтаанд ва бар зиди миллат яроқ гирифтаанд. Онҳо хостанд табадуллот барпо кунанд, ки воқеан ин хиёнат аст. Аврупо онҳоро дифоъ карда, талаб дорад, ки онҳоро Тоҷикистон озод кунад. Магар  демократия ин озодии террорист аст. Мо гуфтанием, ки мо демократияи худро дорем. Мо демократие дорем, ки агар ба қонун касе итоат накунад, новобаста аз мавқеи сиёсиаш ҷазо мегирад”.

Ин гуруҳи ҷавонон Иттиҳоди Аврупоро дар доштани “стандартҳои дугона” нисбат ба Тоҷикистон ва Ховари Миёна муттаҳам карда, аз онҳо талаб карданд, ки барои дидани воқеият ва пешрафтҳои Тоҷикистон ба кишвар ташриф биёранд.

Ин ҷавонон таклифонамеро ҳам унвони Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳо қабул карданд, ки дар он гуфта мешуд, “дар назар чунин менамояд, ки  вакилони Парлумони Аврупо мехоҳанд, ки Тоҷикистон ҳам мисли кишварҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ба хуну хок оғушта гардад.”

Ба қавли муаллифони таклифнома, “гуруҳҳои ҷиноятпешаи собиқ ҲНИТ бо роҳбарии собиқ роҳбарашон Муҳиддин Кабирӣ чанд вақт боз дар ба дари ташкилоту созмонҳои Аврупо гаштугузор доранд ва бо ҳамин роҳ мехоҳанд, ки ҷиноятҳои содирнамудаи худ ва ҳаммаслаконашро пӯшонанд.

- Чаро вакилони парлумони Аврупо ба гуфтаҳои бофтаи М.Кабирӣ бовар мекунанду ба факту рақамҳо, ки далели рӯшани исботи ҷиноятҳои содирнамудаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошанд ва аз тарафи мақомоти расмии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, бовар намекунанд? Ин ҳаракатҳои вакилони Парлумони Аврупо аз нигоҳи мо “стандартҳои дугона”-ро мемонад. Дар сухан муборизи зидди тероризм ва экстремизм буда, дар амал мақсаду мароми дигар дар андешаашон доранд,-омадааст дар таклифнома.

Ин гуруҳи ҷавонон ҳамчунин ба қазияҳои вакилони дифоъ азҷумла Бузургмеҳр Ёров ва Шуҳрат Қудратов дахл карда навиштаанд, боздошти онҳо ба адвокатии онҳо дар ин ё парванда дахл надорад, “танҳо онҳо аз ваколатҳои худ истифода бурда, даст ба ҷиноят заданд. Агар ин вакилони дифоъ зери ҳимояи шумо бошанд, пас мардуми ҷабрдида аз ҷиноятҳои онҳо чӣ кор кунад?”

Дар таклифномаи худ ҷавонони мазкур ба қазияи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик низ дахл карда навиштаанд, Зайд Саидов барои ҷиноятҳои вазнин азҷумла таҷовуз ба нангу номуси занҳо ҳукми судӣ гирифта, мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора чандин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ посух гуфтаанд.

Аз оғоз то анҷоми ин таклифнома чандин бор хоҳиш мешуд, ки вакилони Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон омада, аз вазъи кишвар аз наздик ошно шаванд.

Дар ҳамин ҳол Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз  ташкилкунандагони ин ҳамоиш дар суҳбат ба TojNews гуфт, онҳо ба муроҷиатҳои қаблии худ дар бораи истирдоди Муҳиддин Кабирӣ аз ташкилотҳои байналхалқӣ аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо посух гирифтаанд. Ин созмон ба ин гуруҳи ҷавонон посух додааст, ки арзи онҳоро ба мақомоти болоии Иттиҳоди Аврупо расондаанд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов дар посух ба суоли хабарнигори TojNews дар бораи “то куҷо таъсир расонидани ин гуна нишастҳо ба равандҳои сиёсӣ” гуфт, баргузории ин гуна нишастҳо аҳамияти хеле муҳим дорад. “Чаро? Чунки мо мехоҳем бедории ҷавонони худро ба кишварҳое, ки нооромии Тоҷикистонро мехоҳанд бирасонем. Чаро чанд нафар ҷинояткор аз ботилии худашон тавонанд ба онҳо муроҷиат кунанду мо ҳақиқати ҳолро ба онҳо нарасонем?”

Ҳафтаи гузашта 35 узви Парлумони Аврупо аз кишварҳои мухталиф бо қабули қатъномае аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд аъзои Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, Зайд Сайидов ва дигар мухолифони давлатро озод кунад.  Дар ин қатънома гуфта мешуд, аз боздошт ва зиндонӣ шудани мухолифони давлат ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, азъои хонаводаву хешу ақрабои онҳо шадидан нигаронанд. 

 

 

 

 

 

Назарҳо

Рафта Алифбо хонед бехтар, бекорчихо!
Ман бо шумо ифтихор мекунам, чавонони сарбаланди Точикисони азиз! Сад Ахсану офарин бар шумо!!! Шумо ояндаи миллатед, пешсаф бошеду аз тенчии ояндаатон имруз хифз кунед....
Man ba shumo nafrat doram, javononi sarpasti nodoni tojik.Sad hajfi zindagii noshoistavu noodamona! Shumo baroi millat , baroi nasli oyand chun kurrudai nodarkored, bo shumo millat nomi jumshedro girift, har sol to 1200 tojik baroi hurramii shumo jon mesuporad, kushta meshavad , vale shumoi tarsuro nazdi saforati "barodari kalonaton" didan nomumkin, chun medoned,ki shattai obdor intizoratonast onjo.
Мухочири носипос, ту хакки чавонони точикро сарпаст гуфтан надори, ту худат ки хасти ки чунин суханро баён мекуни, ту ки аз бепарвогии падару модарат бесавод монди гунохи ин чавонон чист, мухочир имруз аз надоштани савод, маърифат ва оддитарин чиз забон ба мушкилихо ру ба ру мешавад. Носро дар чойхои чамъияти туф мекунед, хакорат мекунед, сару либосатона ахзамият намедихед, гигиенаро намедоред боз мехохед халки русро гунахкор кунед Одам шавед, савод гиред холатон чунин нашщавад
Хами акси Ахмадхучаро бо Кабири, ки дар ФБ хаст, монед нагз мешуд!
Салом ба мардуми Точикистон ман чизе гуфтан намехостам оиди масъала зеро ман сиёсатмадор нестам ва намехохм ки сиёсатмадор бошам руз тиед ба холи худамон гардем ба чавони фаъол низ гуфтаниям ки аз кафои кори худатон шавед ин кори Вазорати корхои хоричи хаст ягонта Шумо аз сиёсат бу намеюбаред ман сухбати Ахмадхучаро дидам умуман саводи кофи надорад факат миллатро шарманда мекунааду халос. Дуруст аст ислом ба ягон хизб ехтиёч надорад ин еътикоди мардум аст аъзои ин хизб низ бояд ин чизро барвакт фикр мекарданд Кабири сиёсатмадор нест у точир аст инро хама медонад диллам ба онхое месузад ки аз кафои онхо рафтаанд Хукумат низ бояд суди онхоро ошкоро мезаронид то хама медид ки онхо чи гунох карданд Итиходи аврупо низ аввал миллатгарохои худро бинад ки чи кадар мусалмонхоро имруз тахкир мекунанд сархадро ба руи хама гурезахо бастааст садхо хазор мардуми бегунохи Авгонунистону Сурияву Ливия имруз зери бомбахои Амрикову Русияву Катар ва Арабистони Сауди мурда истодаанд магар ин давлатхо ярок истехсол мекунанд на ин яроки абаркудратхо аст. Мардумро низ бо зури нигох дошта намеш конунда бояд итоат кунад аммо ин хел нест як бор бинед касе вазифа дорад зур аст бой хаст конуна вайрон мекунад чавобгар намеша магар ин адолат аст бадтарин кор ин дахолат ба эътикоди мусалмон аст ин коро накунед ана аз хаман душманони миллат истифода мебаран мо бадбахтона миллати хушомадгу дуруя шудем айб аст дига и хел спетакл накуне ин миллат аз Ахмадхучабарину Кабириву ва гайраааа хо безор аст.
Ҳамаи ин бофтааст. Инро як беақл одам дарк мекунад. Онҳо бо силоҳ ҷанг карда бошанд имрӯз ҳукуматдорони мо бе силоҳ, маҷбур ҷанг мекунанд. Имрӯз ин донишҷӯён хонда истодаанд, бо чунин даъвоҳо мекунанд, ки чи қадар худшона қонундон ҳис мекунанд Донишгоҳро ки тамом кардан рост ба Русия муҳоҷир. Стройка. О қонун дон ки боши. Демократия ки боши чида ай давлат даво намекунӣ ки соҳиби корут кунад. О 5 солку хонаи. Пул расход карди. О онҳо вазифаашон бо кор таъмин карданай. Ягон шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи худро намедонанд. Қонундон дар кунҷи азоб кашид Ховай. Ин ба ҳаму. Ҷавонон бурда ва расонед............
Шуморо чию аз демократия суан куни чи.Худро ва сарпарстонатанро шарманда намудаед,аммо мардуми бошарафи точикро шарманда насозед.Шумо ва хомиёни шумо буе аз демократия набурдаед ва аз демократия сухан хам накунед!
Бовар куне чавоно... аз ин кори кардаи Шумо хеле норохат шудам. Шумо аввал мушкили худатона хал кунед ки як стипентияи ночиз мегирен. Хайфи чавониатон, ки алакай зархарид шудаеду чашмонатон хамачоро торик нишон медихад. Худованд хидоятатон кунад...
Мехостам фикрамро ба ҳамватанонам ифода кунам, ин коре ки шуда истодааст ба зарари миллат, дин ва халқ мебошад, хубиаш донишҷӯй аз пайи илмаш, сиёсатмадор аз пайи вазъияти сиёсатиаш ва корчаллону пулчаллон (бизнесмен) аз паи молу мулкаш ва аз ҳадди имкон дастёри кунад ба халқу ватанаш. Аммо виҷдону адолат ва номусии номи ИСЛОМ, ТОҶИК ва давлати ТОҶИКИСТОНИ ИСТИҚЛОЛро нашиканем баракс муҳофизат кунетон, монанди навниҳоле ки инкишоф меёбад, мехоҳем авҷ ёбаду дарахт шуда мева диҳад! Мефаҳмам давлатдори мушкил, лекин аҷдодони гузаштаамонро аз хотир набароварда ба ҳурмати онон бо ҳикмат, фахрона муҳофизат бояд кард, аз тарафи кие, ки набошад мо ҷавонон барои сулҳу осоиш ва илму маърифатамонро дар пеш гирем, ба ислоҳи худамон ва баъд дигаронро мақсад ва ба ҳадаф раси ҳаракат кунем, инсон дар як роҳи рости фикру тафаккураш инкишоф меёбад, на он ки олоти манфиату фитнаю парокандагӣ ва мусибатро ба облаи сараш ва ба атрофонаш биёрад... Тоҷикистон – мазҳари ман Сарзамини камзамин, Ту саросар кӯҳсорӣ, Ту саросар сангзорӣ, Чунки фарзандони ту дар роҳи торихи дароз Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд. Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд. Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд. Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд эй дареғ, Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд. Ҳар куҷо рафтанд онон Ё ба Макка ё Мадина, Ё ба ғурбат, ё тиҷорат, Ё гуреза аз ҳама тазвиру кина, Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд. То агар рӯзе бимиранд аз қазо, Дар ғарибӣ бекасу беошно Хоки ту бошад нишони охирин... Тоҷикистон! – Сарзамини камзамин, Хоки ту ин сон парешон гаштааст, Бо ҳама хоки ҷаҳон ингуна ҳамсон гаштааст. Хоки ту Бо сари пуршӯри Деваштич то Бағдод рафт, Он сари аз тан ҷудо, Аз ту ҷудо Бо дод аз бедод рафт. Хоки ту Бо сари Рахшона то Юнон расид, Бо ҳазорон нолаю афғон расид. Монд дар Табрез бо наъши Камол, Бо Замин омехт, то шуд безавол. Хоки Ҳиндустон зи Бедил дил гирифт, Наъши ӯ то ҷовидон манзил гирифт. Бурд Сино то Ҳамадон хоки ту, Монд он ҷо мушти хоки поки ту. Он қадар тоҷик ҷуста булъаҷаб Хонаи иллаҳ ба саҳрои араб Мурдаву хоки туро бо хеш бурд, Колбадро то бад-он саҳро супурд. Хоки ту ин гуна кам шуд, кишварам, Инчунин аз ашк нам шуд, кишварам. Ҳар қадар ки хоки ту барбод шуд, Хоки дигар он қадар обод шуд... Ин чӣ густохӣ? Маро маъзур дор. Хоки ту кам шуд магар? Хоки ту кам шуд ба миқдору фарохотар ба арзу тӯл шуд, Гарчи номат Ҳамчу мулки кӯҳсорон дар ҷаҳон машҳур шуд. Лек боке нест! Баҳри он сангат зиёду кӯҳҳот То бисозӣ пайкара бар ёдгори он ҳама Мардони пурҳасрат, Ки хокатро парешон кардаанд. Баҳри он мардон, Ки номатро ба олам Тоҷикистон кардаанд. Пайкара чандон тарошӣ, месазад Баҳри он мардон, ки хокатро кунун зар кардаанд, Кӯҳҳоятро барои арзи меҳру дӯстӣ Ин замон озод минбар кардаанд... ЛОИК
ман шарм мекунам аз тани шумо чавонон ,а-ро аз б фарк намекунен боз даст ба политика бурда истодаед ,вакте ки озод намоз хонди ,ва либосхоро аз сари занони мо нагирифтан , ана хамон вакт баъд шумо метавонен бахс кунед ,хозир бошад рафта ...на тоза карда гаштан гиред ...

Шояд шумо суол ё назаре доред?