Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон бо бунёди CASA 1000 ҳар сол $250 млн фоида меорад

Дар соли 2016 Тоҷикистон барои таъмири се нерӯгоҳи асосии Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиард сомонӣ маблағ равона мекунад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ гуфт,  маблағи мазкур асосан барои тармими нерӯгоҳҳои Сарбанд, Қайроқум ва Норак равон хоҳад шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки то охири соли 2016 навбати дуюми маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо иқтидори 300 мегават барқ оғоз мекунад.  Ин маркази барқу гармидиҳӣ бо маблағи 2,5 миллиард сомонӣ сохта мешавад.

Ҳамчунин Президент аз аҳамияти лоиҳаи CASA-1000 гуфт, набуди ин гуна хати интиқол барои Тоҷикистон соли гузашта то 250 миллион доллар зарар овардааст.

- Сохтмони хати интиқоли CASA- 1000 соли равон оғоз мешавад ва 250 километри он дар ҳудуди Тоҷикитсон бунёд мешавад ва шабакаҳои барқии моро ба дигар ҷо пайваст мекунад,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Президент гуфт, дар фасли тобистон Тоҷикистон то 5 миллиард кВт. Нерӯи барқи зиёдатӣ дорад ва фурӯши ин миқдор барқ бо нархи 0,5 доллар метавонист солона барои буҷети Тоҷикистон 250 миллион доллар фоида орад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, аз ин сабаб Тоҷикистон ба ин тарҳ таваҷҷуҳ дорад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?