Эмомалӣ Раҳмон корхонаи Аваз Кабировро ба истифода дод

Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи нави Аваз Кабиров, раиси бозори “Султони Кабир” ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 30-юми август Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” расман оғоз бахшиданд.

Ин бино аз 8 ошёна иборат буда, бо назардошти муосиртарин талаботи шаҳрсозӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бинои мазкур дар масоҳати 9000 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар он шароити арзанда барои фаъолияти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи аввали корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” занону духтарони ҳунарманд ба қолинбофӣ машғул мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, корхонаи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 13,2 миллион сомониро ташкил дода, тарҳи он аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Архиком” омода гардидааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?