Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара расадхона мекушояд

расадхонаи "Санглох"

Бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара  расадхонаи байналмилалии “Санглох”дубора фаъол мешавад.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳо, 8-уми июн Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти дубораи расадхонаи “Санглох” дубора оғоз мебахшад.

Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” – и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи тақрибан 150 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. 

Расадхона соли 1977 сохта шуда, он бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 6 – уми декабри соли 1995, таҳти №723 мақоми байналмилалиро гирифтааст. Расадхона дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси (Йона, Олмон) оварда шуда, дар расадхона насб карда шудааст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40000 километр аз сатҳи замин дида метавонад.

Вале то солҳои наздик ин дастгоҳи нодир дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” барқарор карда шуд.

Ҳоло дар Институти астрофизика 3 расадхона дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр фаъолият мекунанд: Расадхонаи Ҳисор (баландӣ – 730 м), расадхонаи “Санглох” (баландӣ – 2300 м) дар ноҳияи Данғара ва бахши он расадхонаи “Помир” (баландӣ – 4350 м) дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ аст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?