Эмомалӣ Раҳмон: Амнияти Афғонистон гарави пойдории субот дар минтақа аст

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Тошканд мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистони бародар мебошем ва онро гарави амнияти пойдор дар Тоҷикистон ва кулли  минтақа медонем”.

Инчунин ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба, ки марҳила ба марҳила мазмуни амиқтарро касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои ба ҳар ду ҷониб судовар фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.

Тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки хусусияти умумиминтақавӣ ва ҳатто глобалӣ доранд, зарур шумурда шуд.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ду кишвари ба ҳам ҳамсояву бародар бар асари талошҳои муштарак дар роҳи рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?