Эълони ҳукми 18 сокини Роғун барои узвият дар ҷараёни Салафия

Суди шаҳри Душанбе 18 ҷавон аз шаҳри Роғунро барои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои наздикони боздошшудаҳо, аз онҳо як нафар Фатҳиддинов Шуҳрат барои 10 сол, Саидов Файзиддин (духтур) ва Шамсиддинов Алишер барои 3,5 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Ҳамчунин 15 нафари боқимонда: Акаев Афзалшоҳ, Саидов Файзиддин, (Бародарон: Ғуломов Муҳибулло, Маҳфизулло ва Қурбон), (Бародарон: Кенҷаев, Баҳрулло, Амрулло ва Исмоил), Муродов Ибодулло, Одинаев Зуҳриддин, Раҷабов Раҷабмурод, Сатторов Баҳриддин, Кенҷаев Сайбурхон, Шафиев Абдуматин, Шамсиддинов Алишер, Фатҳиддинов Шуҳрат, Ҳасанов Муборакшоҳ ва Холов Назрихуҷа аз 5 то 5,5 сол умри худро дар кунҷи зиндон сипарӣ мекунанд.

 Ин сокинони деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун моҳи марти соли равон бо иттиҳоми гаравидан ба равияи мамнуъи Салафия боздошт шуда буданд.

 

Назарҳо

аз худо тарсед эй золимон магар ба ин модарон рахматон намеояд?

Шояд шумо суол ё назаре доред?