Эълони баргузории иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ

8-уми ноябр Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум  баргузор мешавад.

Дар иҷлосия баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.
Инчунин дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ баррасии масъалаҳои марбут ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини кишвар дар назар дошта шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?