Эҳтиёт аз доруҳои бесифати ҳиндӣ дар дорухонаҳо

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ифшои доруҳои ғайриқонунӣ воридшуда ба кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ниҳод Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воридот ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои дорувориро ошкор ва пешгирӣ намудааст.

Манбаъ мегӯяд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ маълум гардид, ки намояндаи тиҷоратии филиали ширкати «Курамакс» ЛТД шаҳрванд И.Г. соли таваллудаш 1964, бо супориши директории филиали ширкати «Курамакс ЛТД»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати намояндаи тиҷоратӣ фаъолият намуда, бо мақсади муомилоти ғайриқонунии маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраргашта ҷавобгӯ набударо бо маслиҳати пешакӣ аз кормандони ҶДММ «Файзалӣ С» ва Баҳриддин ном шахс, сокини шаҳри Истаравшан бар ивази маблағи қарзи пулӣ қабул намудааст.

Баъдан шаҳрванд И.Г. бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи худ мунтазам аз дохили анбори муваққатиаш як қисми маводҳои дориворию молҳои тиббии бесифатро ба муомилот бароварда, дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта, боқимондаи маводҳои дорувориро дар анбори муваққатиаш ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.

Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, аз анборҳои муваққатии И.Г. маводҳои дориворию молҳои тиббии гуногунтамға, аз қабили ҳабҳо ( таблетка)-и тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои «Фарамакс», ғилофакҳои «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандоруҳо, система барои гузаронидани маҳлулҳои инфизионӣ ва ғайра дар ҳаҷмҳои гуногун мусодира карда шуданд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маводҳои доруворӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодабарии онҳо иҷозат дода намешавад. Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба И.Г. ва дигар қонунвайронкунандагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Назарҳо

Нав фаҳмиден ки точирони дору доруҳои срокашон гузаштаро сроки нав зада вориди точикисон мекунанд? Албатта бо пуштибони мақомоти қудрати инҳо заррае ба фикри мардум нестанд чинояткоран иншоаллоҳ ба зуди сазои амалҳои гайри инсонишона хоҳанд дид.

Шояд шумо суол ё назаре доред?