Эҳтимоли истирдоди 10 паноҳандаи наҳзатӣ аз Беларус ба Тоҷикистон

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ, аз мусодираи шиносномаҳои 10 узваш дар Беларус нигаронӣ кардааст, ки мехостанд барои паноҳандагии сиёсӣ ба Лаҳистон убур кунанд.

Мақомоти Беларус, бино ба гузориши ахир, бо мусодираи шиносномаҳо, аз наҳзатиҳои фирорӣ хостаанд, то ба шуъбаи корҳои доихилӣ ҳозир бишаванд.

Муроҷиати ҲНИТ дар ин бора, дар нашрияҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз мамлакат расонаӣ шуд, ки аз эҳтимоли истирдоди ин даҳ тан аз Беларус ба Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

Дар ин муроҷиатнома гуфта мешавад, ки баъд аз нашри хабари мулоқоти наҳзатиҳо бо масъулини лаҳистонӣ, мақомоти Беларус ба таъқиби муҳоҷирони тоҷик шуруъ кардаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Беларус ба тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар сар карда, таъқиби онҳо дар меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои дигари таҷаммуъи муҳоҷирин идома дорад.  

Гуфта мешавад, ки ин 10 нафар аъзои ҲНИТ буда, барои соҳиб шудан ба мақоми паноҳандаи сиёсӣ азми Лаҳистон карда буданд.

Шиносномаи онҳо аз ҷониби хадамоти муҳоҷирати Беларус, зимни убури сарҳади ин кишвар бо Лаҳистон мусодира шуда, мақомоти муҳоҷирати ин кишвар ба онҳо гуфтаанд ба шуъбаи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ҳозир бишаванд. Эҳтимол аст онҳо ба Тоҷикистон баргардонда шаванд.

Дар муроҷиатномаи мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин иқдоми мақомоти муҳоҷирати Беларус метавонад натиҷаи талаби мақомоти Тоҷикистон дар мавриди таслими наҳзатиҳо бошад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, намояндагони ҲНИТ бо гурезагони тоҷик ҳафтаи гузашта дар гузаргоҳи сарҳадии Брест-Тираспол вохӯрӣ ва мулоқот доштаанд.

Ҳамчунин вохӯрӣ ва мулоқот бо намояндагони СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти муҳоҷирати Лаҳистон дар мавриди кумак ба гурезагони тоҷик мавриди муҳокима қарор гирифта будааст.

ҲНИТ дар Тоҷикистон баъди исёни саркӯбшудаи Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, тирамоҳи соли гузашта мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. 

Бино ба хабарҳое, ки расонаҳо дер - дер аз забони наздикони наҳзатиҳо нашр мекарданд, Суди олии Тоҷикистон 2-юми июни соли ҷорӣ муовинони раиси Ҳизби амнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон - Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Саттор Каримов, Раҳматуллои Раҷаб, Қиёмиддини Аваз ва Абдуқаҳҳори Давлат ҳар кадоме ба 28 соли зиндон маҳкум шуда, Зубайдулло Розиқ - 25 сол, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад - 23 сол, Воҳидхони Қосиддин ва Саъдиддини Рустам - ҳар кадоме 20 сол, сардабири нашрияи ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода - 16 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов - ҳар кадоме 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

 Мурофиаи судӣ нисбати 13 узви боздоштшуда Шӯрои сиёсии ҲНИТ 24 феврали соли 2016 шурӯъ шуда, он пушти дарҳои пӯшида ҷараён дошт.  

Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. Бо қарори суд чопи нашрияи ҳизбии «Наҷот» қатъ карда шуда, сомонаи расмии ҳизб низ баста шуд.

ҲНИТ ва роҳбари онро, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ташкил ва маблағгузорӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд, ки онро собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) 4 -уми сентябри соли гузашта амалӣ карданӣ будааст.

Ин исён саркӯб шуда, иштирокчиёни асосии он, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим низ кушта шуд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шуданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?