Эҳтимоли истеъфо додани Шодӣ Шабдолов аз раисии ҲКТ

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 2-уми июли соли ҷорӣ Анҷумани навбатии ҳисоботӣ доир мекунад, ки дар он Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизб оид ба фаъолияти панҷсолаи худ ҳисобот медиҳад.

Заррагул Ҳасанова, котиби ҲКТ дар суҳбат ба TojNews гуфт, айни ҳол дар сатҳи ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо конфронсҳо рафта истодааст ва то моҳи июн вакилони Анҷуман интихоб мешаванд.

“Вакилон тақдири раисии ҳизбро ҳал мекунанд. Агар салоҳ донанд, ки монад, Шодӣ Шабдолов мемонад. Ҳоло устод дар Душанбе ҳастанд ва саломатиашон ҳам хуб аст”- гуфт манбаъ.

Як фаъоли ҲКТ, ки нахост номаш ифшо шавад ба хотири фарҳанги “ранҷиш”-е, ки дар ин ҳизб ҳоким аст гуфт, ки бо назардошти тақозои вазъи сиёсӣ ва бозиҳои ҳукумат бояд, ки раис иваз шавад.

“Шодӣ Шабдолов ҳам то Анҷуман ба синни 74 мерасад, бигузор раиси ифтихорӣ боқӣ монад! Аммо роҳбариро ба ҷавонон ё нафарони дигар супорад. Қариб, ки дар дар ҷомеа садо надорад. Мо намедонем куҷост ва чӣ кор мекунад? Аз соли 1989 котибии аввал ё раиси ҲКТ аст”- гуфт аъзои ҲКТ.

Талоши мо барои суҳбат бо Шодӣ Шабдолов ва омодагии рафтан ё монданаш дар садри роҳбарии ҳизб натиҷа надод. Ба гуфти яке аз наздиконаш бо сабабҳои обу ҳаво каме мариз аст ва имкони суҳбат кардан надорад.

ҲКТ қадимтарин ҳизб дар Тоҷикистон буда, зодаи давраи Шӯравӣ аст. Ба гуфти роҳбарияти ҳизб феълан ҳудуди 17 ҳазор аъзо доранд. Аъзои ҳизб асосан насли замони шуравӣ аст, ки ба табақаи калонсоли ҷомеа ворид мешаванд. Байни аъзоён докторон ва профессорони илм ҳам ҳастанд. Шодӣ Шабдолов бо намояндагӣ аз ҳизб 15 сол вакили порлумон буд ва дар интихоботи охири порлумонӣ, ки 1-уми марти соли 2015 доир шуд, ҳамчун номзад аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ шикаст хурд.

Назарҳо

Шоди Шабдоловро ба хотири онки мухолифи ширкат кардани аъзои хизб дар референдуми 22 май аст, бо фишори хукумат ба зури аз вазифа мегиранд ва Талбаков раис мешавад чунки одами хукумат аст ва харчи гуянд кадашро хам мекунаду таъзим хам аз Кулоб аст...
Ой мардум, то ба кай номи руку рости бадахшонии Шах.Абдол овро - Шабдол навишта ба шаъну шарафи хизби кумунисти латма ворид меоред.

Шояд шумо суол ё назаре доред?