Эҳтимоли аз пой маҳрум шудани Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот»-и ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон фавран ба ҷарроҳии пой ниёз дорад. Дар сурати анҷом надодани ин ҷарроҳӣ эҳтимол аз як пой маҳрум гардад. 

Як манбаъ аз муассисаҳои ислоҳии иҷрои ҷазои Вазорати адлия ба Тоҷнюс гуфт, ки аз сабаби ҳаракат накардан, пойҳояш варам кардааст. «Дар маҳбас шароити беморхонаҳо мавҷуд нест, ки ба бемор расидагӣ сурат гирад. Аз сабаби камҳаркатӣ ва хун гардиш накардан пойҳо сахт шудаанд ва ниёз ба ҷарроҳии фаврӣ дорад. Қаблан ҳам бемор будааст. Набзаш ҳам паст буд, ҳоло ба эътидол омадааст. Имунинтеташ пас аст. Мавриди назорати табиб бунгоҳи тиббӣ аст ва дорў истеъмол мекунад. Ба наздикӣ аз боздоштгоҳи мувақатии КДАМ ба маҳбас интиқол шуд. Вақте саломатиаш вазнин шуд. Агар ҷарроҳӣ нагардад, варами пойҳояш ба дигар аъзои баданш сироят мекунад. Организм ҷавон нест, ки ба ин беморӣ мубориза барад»- гуфт манбаъ. 

Ҳафтаи гузашта пойгоҳҳои хабарии мухолифин  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъи саломатии Сайфуллоҳзода дар СИЗОи КДАМ изҳори нигаронӣ карда буданд. Созмони ҷаҳонии Гузоришгарони бидуни марз низ оид ба вазъи саломатии ин журналист изҳорот дода, давлати Тоҷикистонро ба мадоро кардан бо боздоштшудаҳо даъват кард. 

Дар ҳоле, ки вазъи саломатии собиқ сардабири нашрияи «Наҷот» вазнин арзёбӣ мешавад, ҳамсари ў дар суҳбат ба расонаҳо бемории ўро рад кардааст. 

Ду рӯз пеш яке аз дигар маҳкумшудаҳои ин ҳизб, Қурбон Манонов, 74-сола, ки ба ҳайси раиси ҲНИ дар шаҳри Норак боздошт шуда буд ва 10 сол ҳукм гирифт, дар маҳбас фавтид.

Назарҳо

Расонахо дигар кор надоранд, ки факат нисбати маризхо ахбор пахн мекунанд. Дар Точикистон бемор бисёр аст, вале танхо ин ё он аъзои ХНИТ бемор аст гуфта, вохимаро дар тамоми ВАО пахн мекунанд. Хайр аъзои ХНИТ шуд бояд касал нашавад. Ба бемор шудани шахс Хукумат чи гунахгор аст. Барои ба махбас наафтидан бояд рохи дурустро пеш гирифт, на рохи тафрикаандозиро. Махбас хонаи "хола" не ки истирохат куниву саломатиатро нигох дори. Мурдан хак аст, аз марг тарсидан даркор не, шумобаринхо мурдан гиранд...
Чаро мо мардум беномус шудаем? Барои чи ин хукуматдорон аз беномусии мо истифода бурда хама мардони точикро зиндони мекунад?
Чаро мо мардум беномус шудаем?
Ба Суфи. Акаи СУФИ шумо баринхоям мемиранду Мо баринхо низ. Инна лиллоха ва инно илайхи рочиъун. Ин умри азиз ба кас намонад човид, Рафтанду равему боз оянду раванд. Аммо намебояд фаромуш кард: Фа ма яъмал мискола зарратин хайра ярах, Ва ма яъмал мискола зарратин шарра ярах.

Шояд шумо суол ё назаре доред?