"Дӯстон" - и эҳтимолӣ. Масири CASA - 1000 низ ноамн мешавад

Аз оғози моҳи равон дар қаламрави се вилояти шимолии Афғонистон пояҳои хатҳои интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ инфиҷор дода шуданд. 2-юми феврал дар минтақаи Данди Шаҳобуддини вилояти Бағлон пояи хатти интиқоли барқ аз Ӯзбакистон ба Кобул инфиҷор дода шуд. 70 дарсади шаҳри Кобул бебарқ монд. 9-уми феврал дар минтақаи Бобо Назари маркази Бағлон - шаҳри Пули Хумрӣ ва ҳам ноҳияи кӯҳистоние дар вилояти Қундуз ду пояи хати барқи Сангтӯда - Пули Хумрӣ, ки барқи Тоҷикистонро ба пойтахти Афғонистон интиқол медиҳад, низ дар пайи инфиҷор тахриб шуданд. Кобул пурра бебарқ монд.

15-уми феврал пояи хати барқе, ки аз Туркманистон ба вилояти Форёб кашида шудааст, низ дар пайи инфиҷори мина аз кор баромад. Дар пайи ин 5 вулусволии Форёб аз барқ маҳрум шуданд.

Ин ҳол гуфтугузорҳоеро дар бораи ноамн будани масири Афғонистон барои интиқоли захоири энержии Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро ба миён овард. CASA – 1000 умдатарин тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ба аввалин чолишҳо рӯ ба рӯ шуд.

Аз ин тарҳ кишварҳо интизори беҳбуди иқтисоду амнияти худро доранд, аммо чӣ дастҳое мехоҳанд ин умедҳоро барбод диҳанд?

Толибон бо киянд?

Расонаҳои хориҷӣ инфиҷорҳоро то ба ҳол кори дасти Толибон арзёбӣ мекунанд. Аммо ин ҳаракат пас аз инфиҷори пояҳои барқи Данди Шаҳобуддини Бағлон зимни як изҳорот гуфт, ин инфиҷор кори дасти неруҳои ҳукуматӣ аст, ки дар мубориза бо Толибон муваффақ нашуданд ва ба хотири таблиғот мехоҳанд онҳоро сиёҳ кунанд. Дар ин изҳорот омадааст, ки хатҳои интиқоли барқ дар қаламрави нуфузи ҳаракат зиёданд, аммо инфиҷори онҳоро хилофи "усули ҷиҳод ва мардуми Афғонистон" меҳисобанд.

Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи "Брешно", ягона ширкати интиқол, истеҳсол ва фурӯши барқи Афғонистон низ даст доштани Толибон дар ин инфиҷорҳоро рад карда, гуфт, пояҳои барқ дар Бағлону Қундузро гуруҳҳои марбут ба фармондеҳони маҳаллӣ инфиҷор додаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони афғонистонӣ инфиҷори пояҳои хатти барқро супориши мафияи фурӯши бензин ва генератор (барқзо) - ҳо арзёбӣ карданд, ки ба дасти гуруҳҳои ғайримасъул анҷом шудааст.

Манобеъи "Нигоҳ" дар Афғонистон ҳамчунин атбои Тоҷикистону Ӯзбакистонро, ки дар сафҳои Толибон меҷанганд, муҷрими ин инфиҷорҳо медонанд. Ба қавли онҳо, ҷангиёни тоҷику ӯзбак ҳам дар Бағлон ва ҳам Қундуз ҳузур доранд, аз ин хотир, бо ин васила хостанд ба ҳукуматҳои худ зарари молиявӣ расонанд.

Пас аз инфиҷори пояи барқ дар Форёб эҳтимоли ҳузури дастҳои қавитар ва фаротар аз Толибону шарикони ӯзбаку тоҷик ва мафияҳои тиҷоратӣ низ ба миён меояд.

Ҳама омодаанд...

Инфиҷори пояҳои барқ дар Афғонистон замоне иттифоқ меафтад, ки бино ба иттилои вазорати энержии Тоҷикистон, моҳи майи соли равон бояд сохтмони CASA - 1000 шурӯъ шавад. Бино ба ин манбаъ, сармоягузорони ин тарҳ маълум шуда, ҳуҷҷатгузориҳо миёни Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ниҳоӣ, ҳатто тарифҳо маълум шудаанд.

Даври аввал, эҳдоси хатти барқи 500 кВ - и Датка - Хуҷанд аст, ки сохтори энержии Қирғизистону Тоҷикистонро васл мекунад. Дар гоми дуввум хатти баладшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон, ҳамзамон зеристгоҳҳои конвертерӣ сохта мешаванд.

Аз соли 2017 Покистон аз ин хат солона 1000 ва Афғонистон 300 МВт барқ мегиранд. Агар Афғонистон натавонист, ин 1300 МВт пурра ба Покистон меравад. Сухан дар бораи интиқоли барқи зиёдатие меравад, ки Қирғизистону Тоҷикистон дар мавсими гармо хоҳанд дошт.

Тарҳ соли 2020 ниҳоӣ мешавад. Ҳазинаи умумиаш ҳудуди 1 миллиарду 100 миллион доллар аст (Тоҷикистон - 314, Қирғизистон - 209, Афғонистон – 354 ва Покистон - 209 миллион доллар). Харҷи Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ (45 млн.), Бонки исломии рушд (70 млн.), Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (110 млн.) ва Бонки сармоягузории Аврупо (70 млн.) ба зимма гирифтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон 15 миллион доллар саҳм дорад.

Давоми бозӣ

CASA - 1000 дувумин тарҳи бузург миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аст. Сохтмони тарҳи аввал - лӯлаи гази Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд (ТАПИ), ки 13-уми декабри соли гузашта дар Туркманистон шурӯъ шуд, идома дорад. Аммо ноамниҳое, ки пас аз оғози сохтмон дар масири сохтмони ин лӯлаи газ ба вуҷуд омаданд, нишон медиҳанд, ки инфиҷорҳои масири CASA - 1000 низ тасодуфӣ буда наметавонанд.

Ин ду тарҳ ба табъи як қатор қудратҳо ва кишварҳои минтақа метавонанд набошад. Қабл аз ҳама, кӯшишҳои Русия барои ворид шудан ба ин тарҳҳо натиҷа надоданд. ТАПИ - ро ба ҷуз Русия, Эрон низ намепазирад, зеро ин кишвар аз солҳо ба ин сӯ мехоҳад қаламрави восили интиқоли энержии Осиёи Марказиву Русияву Қазоқистон ба Осиёи Ҷанубӣ бошад. Дар Осиёи Ҷанубӣ ду иқтисоди хеле қавӣ - Покистон ва Ҳинд дар ҳоли қомат рост кардан ҳастанд, ки ба энержии зиёд зарурат доранд.

CASA - 1000 - ро ба ҷуз Русия, Ӯзбакистон низ хуш надорад. Он ҳама мухолифатҳое, ки Тошканд бо Душанбе ва Бишкек сари тарҳҳои энержии обашон дорад, реша дар ин тарҳ доранд. Тошканд худ мехоҳад яккатози бозори энержӣ дар Афғонистону Покистон бошад. Эҳдоси нерӯгоҳҳои Роғуну Қамбар - Ота ва дигар тарҳҳои кишварҳои болооб - Тоҷикистону Қирғизистон ҳаққи баҳрабардорӣ аз ин бозореро, ки миллиардҳо даромадро дар батн мепарваранд, аз Ӯзбакистон мегирад.

Хисороти Русия бештар аз ҳама хоҳад буд. Маскав то вуруди Чин яккатози бозори энержии Осиёи Марказӣ буд. Ҳоло ба ин бозор Амрикову Аврупо тариқи созмонҳои молиявии таҳти назораташон, назири Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва Бонки сармоягузории Аврупо, ки на фақат маблағи ҳиссаи Тоҷикистон, балки Қирғизистону Афғонистонро низ пардохт мекунанд, ворид мешаванд. Ин ба он маъност, ки ба ҳамин қарибӣ Русия батамом аз ин бозорҳо маҳрум ва танҳо нозири вазъ хоҳад буд.

Толибон то ин замон боре ҳам пояи барқеро дар кишвари худ инфиҷор надодаанд. Аммо бо назардошти он, ки рӯёрӯии қудратҳо дар Афғонистон шиддат мегирад ва тамосҳои эълоншуда миёни Толибону Русия барқарор шудаанд, ҳарчи метавонад иттифоқ афтад.

Ҳамзамон фазосозиҳои иттилоотие, ки дар расонаҳои русӣ идома доранд, хашми пинҳони Маскавро ошкор мекунанд. 4-уми феврал чанд расонаи русӣ якбора изҳори назари Сергей Масаулов, раҳбари Маркази таҳқиқоти ояндадори Қирғизистонро иқтибос карданд, ки гуфт, "CASA - 1000 тарҳи иҷронашаванда аст".

Имкон дорад. Вақте чунин "дӯстон" - и эҳтимолӣ дорад, чаро иҷро шавад?

Фаромарзи ФОЗИЛ

бознашр аз “Нигоҳ” №46 (479). Чоршанбе, 17-уми феврали соли 2016

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

бехтарин мавод омода кардаед, инро мегуянд рузноманигори, ахан
ахан, ахан боз хам ахан.
aha gap nest wumo ham tahlil kardanro yod girigtet
Бехтарин, аммо аз баъзе калимахои нофахмо камтар истифода кунед. Бовар кунед бе лугат маънии матнро душвор аст фахмидан. Шумо ку барои худ нашр намекунед?! Матн бояд оммафахм бошад.
Ислох: абзатси 2 - 15 пояи хати барқе НЕВУ 15 феврал Он ҳама мухолифатҳое, ки Тошканд бо Душанбе ва Бишкек сари тарҳҳои эренжии ЭНЕРЖии обашон

Шояд шумо суол ё назаре доред?