Душанбе: Боздошти ду дузди “касбӣ” бо иттиҳоми даст доштан дар силсилаҷиноятҳо

Дар шаҳри Душанбе ду нафарро бо иттиҳомӣ силисадуздиҳо боздошт кардаанд, ки қаблан бо чандин моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ суд шудаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ин нафарон бо унвони дуздони “касбӣ” ном бурдааст. Аввалӣ сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, 40 сол доштаат ва пештар бо моддаҳои 234 (ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо), 156 (вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он), 248 (ғоратгарӣ), 249 (роҳзанӣ) ва 244 (дуздӣ) –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Дуюмӣ сокини шаҳри Душанбе 23-сола будааст, ӯ низ қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиняотии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ин нафаронро кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар 9-уми апрел боздошт кардаанд. Мақомоти дохилӣ аз ин ду тан ном набурдаанд, аммо мегӯянд, ки дар чандин ҳодисаҳои дуздӣ дар шаҳри Душанбе даст доштаанд.

Аз ҷумла тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, “онҳо моҳи феврали соли ҷорӣ аз хонаи истиқоматии зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе як адад телевизори тамғаи “Sparrow” ва ҷавоҳироти нуқрагӣ, ҷамъ ба маблағи 3000-сомониро дуздидаанд.

Моҳи декабри соли 2015 бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгор, ҷавоҳироти тиллоӣ, 2000-рубли Федератсияи Русия ва 130-сомонӣ пули нақд, ҷамъ ба маблағи 9019 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

24-уми феврали соли ҷорӣ аз манзили истиқоматии зани 66-солаи сокини шаҳри Душанбе маблағҳои пулӣ: 600-доллари амрикоӣ, 500 евро ва 900 рубли Федератсияи Россияро дуздидаанд.

Инчунин моҳи ноябри соли 2015 аз хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе як адад телевизори тамғаи “LG”, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?