Душанбе барои сайёҳони рус шаҳри мақбул нест

Дар миёни пойтахтҳои кишварҳои ИДМ шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои барои сайёҳони рус мақбул шомил нагардидааст.

Бино ба гузориши Oktogo.ru аз миёни ҳамаи давлатҳои ИДМ Белорус кишваре буд, ки соли 2014 сокинони Русия бештар аз он дидан кардаанд. Ин пойгоҳи интернетӣ бронкунии онлайн аз ҷониби шаҳрвандони Русияро мавриди пажуҳиш қарор додааст. 

Баъди Белорус сайёҳони рус бештар ба Укроин, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбакистон ва Қирғизистон сафар кардаанд.

Ва ба даҳгонаи шаҳрҳои мақбул барои шаҳрвандони Русия  Минск, Киев, Олматӣ, Боку, Ереван, Остона, Кишинев, Тошкент, Бишкек ва Брест шомил шудаанд.

Гуфта мешавад, ки агар Гурҷистон узви ИДМ мебуд, пас пойтахти он шаҳри Тифлис дар панҷгонаи аввали шаҳрҳои маъруф дохил мешуд.

Соле пеш Киев шаҳри бештар мақбул будааст ва сайёҳони рус беш аз дигар шаҳрҳо аз он дидан кардаанд.

Вале шояд ба иллати тирагии муносибат миёни Русия ва Укроин соли ҷорӣ ин пешсафӣ насиби Минск шудааст.

Дар таҳқиқот ҳамчунин омада, ки соли 2014 сокинони Русия ба қаламрави кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёни 3,5 рӯз саёҳат кардаанд ва барои ҳар шабонарӯзи будубошашон 4,3 ҳазор рубл масраф кардаанд.

 Омори Oktogo.ru нишон медиҳад, ки соли 2014 32%-и сайёҳони Русия ба кишварҳои ИДМ ба Белорус рафтаанд, ба Укроин 21 дарсад, ба Қазоқистон 17, ба Арманистон 9, ба Озарбойҷон 8, ба Молдова 7, ба Ӯзбаксиотн 4 ва ба Қирғизистон 2 дарсади сайёҳони рус сафар кардаанд. 

Ин пойгоҳи интернетӣ мегӯяд соли 2014 шаҳрвандони Русия бештар аз шаҳрҳои дигар ба Боку сафари дурудароз доштаанд ва ба шаҳри Витебски Белорус аз ҳама камтар (якуним рӯз) мондаанд. 

Сайёҳони рус Остона-пойтахти Қазоқистонро гаронтарин шаҳр дар қаламрави ИДМ донистаанд ва гуфтаандл, ки дар ин шаҳр ҳар шабонарӯз ба ҳисоби миёна 194 доллари амрикоӣ масраф мекарданд. Ин дар ҳолест, ки зарфи як шабонарӯз дар Бишкек беш аз 69 доллар масраф надоштанд. 

Дар бораи Душанбе ва Тоҷикистон умуман ҳарф зада намешавад. 

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?