Душанбе барои пешвози Дилшод Назаров омодагӣ мегирад

Шаҳрдори Душанбе мегӯяд, барои пешвозу қадргардонии арзандаи Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио омодагиҳои ҳамаҷониба дидааст.

22-юми август Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ фаъолони пойтахтро бо дастоварди варзишгар Дилшод Назаров табрик кардааст.

Дилшод Назаров, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, ки Тоҷикистонро соҳиби нахустин медали тилои олимпӣ кард, дар назар аст, рӯзи ҷумъа, 26-август, соати 17-55 тариқи хатсайри Москва-Душанбе вориди пойтахт шавад.  

Ин итилоъро дар Федератсияии варзиши сабуки Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо нашри ин хабар ҷомеа ба пешвози сазовори ҷаҳонпаҳлавон дар Фурудгоҳи байналмилилии Душанбе омодагӣ мебинанд. 

Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик медали тиллоро ба гардан овехт. Шоми шанбе 20-уми август дар пайи маросим дар шаҳри Рио-де-Жанейро ба Дилшод Назаров медали тилло супурда шуд.

Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад. 

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?