Ду пешниҳоди журналист Набиюллоҳ Суннатӣ ба Ҳукумат

Ахиран ба пешбанди Роғун Тоҷикистон ба ҷаҳониён паём фиристод, ки "Роғун сохта хоҳад шуд, ба ҳар қимматеву арзише бошад”. Ва ин паёме буд, ки пешбанду сарбанди он бо иштироки аввалчеҳраи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайъати арбобони давлатӣ ва ашрофу ашрофзодагон сурат пазируфт. Ду сол қабл аз ин аслан касе умед надошт, рӯзе Тоҷикистон метавонад бо ин суҳулат ба ҷаҳониён паём фиристад. Зеро хорасанги сари роҳи пешрафти корҳои сохтмонӣ марҳум Ислом Абдуғаниевич будааст.

Ва ба якбора пешбанди Вахш низ нишон медиҳад, ки марҳум Ислом Каримов вазн доштааст, зеро ҳиҷ имкон надошт, ки бо арзи ҳузури марҳум на Қирғизистону Тоҷикистон ҷуръат намекард ва ё ки ҷуръат дошту тасмими ниҳоӣ гирифта наметавонист, ки нерӯгоҳашро ҳамчун манофеи милливу давлатӣ ба намоиш гузораду бисозад. Яқин марги Ислом Каримов исбот кард, ӯ воқеан меҳвари сиёсати Осиё ва калиди саҳнаи сиёсати ин паҳно будааст. Шавкат Мирзиёев ба ҳамҷаворкишварҳо, ҷаҳониён ва ахиран ба худи Ӯзбакистон муносибати дигар дорад.  

Ҳарчанд ки ба таври ошкорову аланӣ ин нуктаро ҳеҷ ҷойе нагуфтааст, аммо гирумони эшон ҳамин иддаоро ишораи ангушт менамояд. Коршиносон ба ин назаранд, ки Мирзиёев дар маъракаи пешазинтихоботӣ бо чунин амалкард ҳам дили ҳамсояро ёфтан мехоҳаду ҳам дар кишвараш соҳиби холи зиёд шуданро дар сар мепарварад.

Аммо баъди ба даст овардани курсии воқеии раисҷумҳурӣ то кадом сатҳ дар тасмими ҳозирааш содиқ монданашро вақт нишон медиҳад. Ҷиддан агар назар карда шавад, Кремл низ ба ӯ аллакай "добро" додаву ҳатто худи Путин ба ҷуз аз Мирзиёев дигар муддаиёни тоҷу тахти раёсатҷумҳурии Ӯзбакистонро дидан намехоҳад. Ба ин хотир аллакай метавон ҳадс зад, ки тақдири ин кишвар дар сатҳи Кремл аллакай ҳал шудааст ва яқин президенти дуввуми Тошканд худи оқои Шавкат аст.

Аз ин бугзарем, Роғун, ки ҳаёту мамоти Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, инак шурӯъ аз дирӯз ҷиддан ба кори сарбандӣ пардохт. Аз навиштаҳои интернетӣ ва аксу видеоҳои тӯли 24 соати ахир дар сомонаҳо пайдо шуданд, ҳувайдост, ки ҳатто оппозитсияи тоҷик аз ин воқеаи таърихӣ хушбину хушҳол аст. Ҳама навиштаҳои умедворӣ ва хушгумониву некбинона доранд.

Метавон натиҷа гирифт, ки Роғун меҳвари иттиҳоди тоҷикон будааст. Яқин ва бебаҳс Роғун магнити ҷазабаи тоҷикон аст. Аз ин хотир, барои ҳукумати кишвар ҳамагӣ ду пешниҳод дорам. Ҳарчанд медонам боиси норозигии баъзе доираи ҳукумат мегардад: Дар маҳбасҳои Тоҷикистон кам нестанд тоҷирони муваффақ, сиёсатмадорони шинохта ва корчаллонҳои варзида. Ҳукумат метавонад бо авф ва озодии онҳо иқдом кунад бо шурути кӯмак ба НБО "Роғун". Бигзор ин гуна маҳбусин бо пардохти маблағи муайян ба сохтмони нирӯгоҳ ҳам саҳми худро гузоранд ва ҳам ин метавонад муқаддимаи баҳамойии ақидаҳои мухолиф шавад.

Дуввум, ҳукумат метавонад бо пешгирифтани сиёсати ҷадиди роғунӣ мухолифони берун аз кишвар қарор доштаро ба сари мизи музокирот фаро хонад. Зеро таҷрибаҳои ҷаҳонӣ исбот месозанд, ки мухолифон ва гурезагони сиёсӣ хоҳу нохоҳ замоне мерасад, ки ба кишварашон бармегарданду халос. Дигар чорае нест. Он ҳам бо армуғони қурбониҳои зиёд ва талафоти ҷониву молӣ.

Тоҷикистон низ аз ин раванди таърихӣ истисно нест. Бино ба ин далел ҳукумати Тоҷикистон аз ин рӯз метавонад ҷиҳати пешгирии ин раванди замоне хоҳу нохоҳ ба вуқӯъпайванда бо роҳи мусолиматомез иқдом намояд. Зеро Роғун харҷи зиёдеро талаб менамояд ва маблағҳои дохилии давлатӣ тавони сохтмони комил ва саривақтии онро надорад. Ба ин далел мухолифон низ сармояи ҳангуфт ба сохтмони Роғун ворид хоҳанд кард. Бо ин ваҷҳ ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад. Метавон ба чунин натиҷа расид, ки Роғун умедвории тоҷикону тоҷикистониён шудааст.

Агар рамзи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон ва умеди охирин бошад, пас дигар чӣ роҳе боқӣ мемонад? Валлоҳу аълам. Бо талаби дуо ва хушгумониҳо умедворам, ки Роғун на фақат роҳи ҳалли аз бунбасти бӯҳрони энергетикӣ баромадан аст, балки он меҳвар ва сарриштаи баҳамойии тоҷикону тоҷикистониён аст. Яъне УМЕДИ ОХИРИН!

Шояд шумо суол ё назаре доред?