Ду медали варзишгарони тоҷик аз гӯштии тарзи озод дар Испания

2 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гӯштии тарзи озод дар Испания барандаи медалҳои медалҳои тилло ва нуқраи мусобиқа шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Фирӯз Ёқубов дар вазни 96 кг соҳиби мақоми аввал ва Анушервон Умаров дар вазни 120 кг соҳиби мақоми дуввум шудааст.

Мусобиқаи байналмилалиӣ оид ба намуди гӯштии тарзи озод аз рӯи дараҷаи класс-А аз  15-ум то 17-уми майи соли равон дар Испания баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз Аврупо ва Осиё ширкат доштаанд.

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

Ба хамаи мухлисон ва хаводорони гущтини тарзи озод муборак бошад!

Шояд шумо суол ё назаре доред?