Ду бозии дӯстонаи футболбозони тоҷик дар моҳи ноябр

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар моҳи ноябр бо тимҳои Туркманистон ва Афғонистон бозиҳои дӯстона анҷом хоҳад дод.

Бино ба  иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, бозии рафиқона миёни футболбозони тоҷик ва туркман 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шавад. Оғози бозӣ: соати 17:00.

Сабқати дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон 13-уми ноябр гузаронида мешавад. Ин бозӣ низ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии  нави ФИФА , ки дирӯз 20-уми октябр нашр шуд, чор зина боло рафта, дар мақоми 140-ум қарор гирифт.

Тими мунтахаби Тоҷикистон соҳиби  227 имтиёз буда,  дар қиёс бо моҳи гузашта  шумораи имтиёзҳояшро 7 адад бештар кард. Аз замони нашри рейтинги қаблӣ, футболбозони мо  як вохӯрии рафиқонаро  бо дастаи мунтахаби Фаластин анҷом доданд ва ин дидор бо ҳисоби 3 бар 3 мусовӣ анҷом ёфт. Барои ин натиҷа  дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон соҳиби  69 имтиёз гардид.

Шояд шумо суол ё назаре доред?