Домоди собиқи Президент дар зиндони Вена худкушӣ кард

Домоди собиқи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва яке аз мунаққидони режими ӯ, дипломати собиқ Роҳат Алиевро дар ҳуҷраи яккасаи зиндони Йозевштадти шаҳри Вена мурда ёфтанд.

ВВС истинодан ба намояндаи муассисаи ислоҳии Вена хабар додааст, ки Роҳат Алиев дар ҳуҷраи танҳо даст ба худкушӣ зада, худро овехтааст. 

Роҳат Алиев, ҳамсари духтари президенти Қазоқистон соли 2008 ғоибона аз ҷониби додгоҳе дар ин кишвар ба муҳлати бештар аз 40 сол ба зиндон маҳкум шуда буд. Мақомот ӯро ба омодагӣ ба ғасби ҳокимият ва ташкили гуруҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ, ки саргарми одамрабоӣ буданд, муттаҳам мекарданд.

Аз соли 2007 дар Авсрия мезист ва мақомоти ин кишвар ӯро боздошт карданд, аммо моҳи июни соли 2011 ба дархости ҳукумати Қазоқистон барои истирдодаш посухи рад доданд. 

 Роҳат Мухторович Алиев 10-уми декабри соли 1962 дар шаҳри Олматии Қазоқистон таваллуд шудааст. Доктори тиб ва иқтидод буд. Рутбаи ҳарбии генерал-майор дошт.

Ҳамсари духтарбузурги президент Назарбоев буд, ки баъди ихтилофоти дарборӣ Назарбоев духтарашро аз ӯ ҷудо кард.

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?