Доктор Абдуллоҳ: Пас аз ин бо чеҳраи воқеъии ман ошно мешавед

Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Раиси иҷроияи Афғонистон дар як суханрониаш эълон кард, ки акнун дар иҷрои тавофуқномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ марҳилаи тоза шуруъ шудааст.

Доктор Абдуллоҳ дирӯз дар ҳалқаи касоне суҳбат мекард, ки ҳомиёни ӯ дар давраи интихобот буданд.

Вай гуфт: “Ҳарфи мо ҳарфи таҳдид нест. Ҳарфи мо ҳарфи сарнагунии низом нест, балки ҳарфи мо хостани ҳақи мардум аст”.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ аз он ки тарҳи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар соли гузашта амалӣ нашуд, аз ҳаводоронаш узрхоҳӣ кард ва гуфт: Пас аз ин бо чеҳраи воқеъии ман ошно мешавед ва дигар аз ҳақи мардум гузашт намекунам. Доктор Абдуллоҳ дар идомаи суханрониаш ҳамчунин гуфт, ки аз ин ба баъд дар масоили муҳим якҷониба ва аз пеши худ тасмим намегирад ва ҳатман бо нухбагон ва ҳамфикрону ҷонибдорон дар тими интихоботӣ машварат хоҳад кард.

Райиси иҷрояи Афғонистон сабабҳои аслии пеш нарафтани ҳукумати ваҳдати миллиро дар кундии раванди ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар донист.

Бино ба гузориши хабаргузориҳо дар ин нишаст теъдоде аз роҳбарони идораҳои калидии Афғонистон ва шахсиятҳои матраҳ, аз ҷумла Муҳаммади Муҳаққиқ ва Аҳмадхон, ки ба ҳайси муовинони Райиси иҷроия ифои вазифа мекунанд, ҳамчунин Салоҳиддини Раббонӣ, вазири умури хориҷа, Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балх, Юнус Қонунӣ, муовини пешини Президенти Афғонистон, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири собиқи мудофиа, Мирвайси Ёсинӣ, ноиби раиси пешини Маҷлис ва боз теъдоди аз вакилони мардум дар парлумон иштирок кардаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз ду ҳафта ба инҷониб миёни Райиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва райиси иҷроия Абдуллоҳи Абдуллоҳ ихтилофоти шадид буруз кардааст. Доктор Абдуллоҳ Ғаниро ба иҷро накардани тавофуқномаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ муттаҳам мекунад. Ин ҳукумат соле пеш ба дунболи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва муддати тӯлонӣ ҳисоб карда нашудани теъдоди овозҳо ташкил шуд.

Доктор Абдуллоҳ худро пирӯзи интихоботи президентӣ медонист, вале ҷониби оқои Ғанӣ низ худро пирӯз эълон крад. Дар натиҷа бо миёнаравии миёнчиёни байналмилалӣ ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шуд ва доктор Абдуллоҳ ба симмати нав: Райиси иҷроия такя зад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?