“ДОИШ зодаи ғарб барои тарсондани Осиёи исломӣ аст” (хулосаи матбуот)

Таҳдидҳои амниятӣ дар кишвар, баҳси мухолифону ҷонибдорони ғояи “Пешвои миллат” номидани Эмомалӣ Раҳмон, даргузашти академик Соҳиб Табаров аз мавзуъҳое буданд, ки дар бештари нашрияҳои Душанбе бозтоб ёфтаанд.

“Азия-плюс”(№29 (1012), аз 16-уми апрели соли 2015) ДОИШ, дӯстӣ бо қудратҳои бузург, муҳоҷирати корӣ, фасод ва иттиҳоди шиоргунаро таҳдидҳои амниятӣ барои кишвар хондааст. Муаллифи мақолаи “Амнияти миллиро чӣ таҳдид мекунад?” аз ҷумла менависад, ки “сиёсати дарҳои боз”, ки Тоҷикистон дорад, муносибати баробар бо ҳамаи мамолики оламро дар назар гирифтааст.  Аммо дар асл Тоҷикистон бештар бо Русия ва Чин равобити созандатару муфидтар дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳам Пекин ва ҳам Маскав аз афзоиши нуфузи якдигар дар ҷамоҳири пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама бо Тоҷикистон нигаронанд. Зеро ҳам Чин ва ҳам Русия Тоҷикистонро минтақаи таҳти таъсири худ медонанд.

 “Озодагон” (№14 (370), аз 15-уми апрели соли 2015) низ дар мақолаи “ДИИШ дар Афғонистон таҳдиде барои Тоҷикистон аст?” ҳамин масъаларо ба баррасӣ гирифтааст. Муаллифи ин таҳлил истинодан ба суханони таҳлилгар Иззат Амон гуфтааст, ки “зуҳур ва падидае чун ДИИШ дар ҷомеаи тоҷик чандин сол қабл дида мешуд. Заминаи  пайдоиши ҳаракату равияҳои мазҳабии тундгароро худи ҳукумат бунёд гузошт”.

Дар пурсиши “Миллат” (№14 (501), аз 15-уми апрели соли 2015) зери унвони “Фикр мекунед  Тоҷикистон дар баробари таҳдидоти густарда ва хатароти ДОИШ дар минтақа ҳоло чӣ кор бояд кунад?”, таҳлилгар Нуралӣ Давлат гуфтааст, ки ДОИШ зодаи ғарб барои тарсонидани Осиёи исломӣ аст. “Барои Тоҷикистон лозим аст, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоиро дар дохил ҳалл кунад, то ин ки ҳаракатҳои ифротии ғарбиён дар кишвар заминаи иқтисодӣ пайдо накунад”.

Фараж” (№16 (437), аз 15-уми апрели соли 2015)  бошад хабар додааст, ки дар Сурия 144 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксари онҳо ҷавононанд.

 “Азия-плюс” (№29 (1012), аз 16-уми апрели соли 2015) дар таҳлиле атрофи додани унвони “пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои манфӣ ва мусбати пешниҳодро ба чолиш кашидааст. Бармало дида мешавад, ки пешниҳод ба мухолифатҳое ҳам рӯ ба рӯст. Ва касоне, ки мухолифи онанд, бар ин назар мебошанд, ки дар таърихи башар ҳич унвоне болотар аз унвонҳои расмии пазируфташуда дер напойид. Ва инро метавон дар сарнавишти Ленин, Сталин ва ахиран Сафармурод Ниёзов дид, ки баъди маргашон аз он унвонҳои болохонадор ном монду нишон на.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар матлабе, ки “СССР” (№15 (344), аз 16-уми апрели соли 2015) чоп кардааст, хотироти худро аз шодравон Соҳиб Табаров рӯйи коғаз овардааст. Муаллиф, ки худ аз шогирдони муваффақи Соҳиб Шуҳратиевич буд, навиштааст, ки олими баруманд “чун қибланамо Хизри раҳи илму адаб буду сафар кард...”

“Тоҷикистон” (№15 (1109), аз 16-уми апрели соли 2015) суҳбати хабарнигораш бо мунаққиди варзидаро чоп кардааст, ки мегӯяд ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз маргаш ба аёдаташ рафта буд. Дар ин суҳбат Саҳиб Табаров журналистонро насли аз ҳама бесаводи ҷомеа донистааст, ки китоб намехонанд. Ва дар ҷойи дигар гуфтааст, ки зарфи ин даҳсолаи охир дар адабиёти тоҷик асаре  офарида нашудааст, ки лоиқи нақд бошад. Танҳо касоне асар офаридаанд, ки дастпарварони мактаби Шӯравӣ буданд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?