Додгоҳи олӣ Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи Наҳзати исломиро ба ҳабси абад маҳкум намуд. 

Аз ин пештар айбдоркунандаи давлатӣ ба панҷ узви баландпояи ҲНИТ: Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб тақозои ҳукми абад карда буд.

Дар мурофиаи рӯзи 11-уми майи соли равон додситонӣ талаб карда буд, ки муттаҳамини дигар аз ҷумлаи аъзои ҲНИТ  Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол,Саъдиддини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум шаванд.

 Дар ҳамон ҷаласа додситонӣ тақозо карда буд, ки Зарафо Раҳмонӣ, ягона зан дар миёни боздошшудагон, ки ҳуқуқшиноси ҳизб буд, ба муҳлати 5 сол роҳии зиндон шавад.

 Мурофиаи додгоҳӣ идома дорад ва аз иттилои ҷадид огоҳ хоҳем кард.

Шояд шумо суол ё назаре доред?