Дилшод Назаров шоми ҷумъа вориди Душанбе хоҳад шуд

Дилшод Назаров, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, ки Тоҷикистонро соҳиби нахустин медали тилои олимпӣ кард, дар назар аст, рӯзи ҷумъа, 26-август, соати 17-55 тариқи хатсайри Москва-Душанбе вориди пойтахт шавад.  

Ин итилоъро дар Федератсияии варзиши сабуки Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо нашри ин хабар ҷомеа ба пешвози сазовори ҷаҳонпаҳлавон дар Фурудгоҳи байналмилилии Душанбе омодагӣ мебинанд. 

Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик медали тиллоро ба гардан овехт. Шоми шанбе 20-уми август дар пайи маросим дар шаҳри Рио-де-Жанейро ба Дилшод Назаров медали тилло супурда шуд.

Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт.

Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи ЛаҳистонВойтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ маълум шудаанд, мубориза бурданд. Ин сабқат миёни Иван Тихон (Беларус), Диего дел Реал (Мексика), Кристиан Парс (Венгрия), Марсел Ломински (Словакия), Давид Содерберг (Финляндия), Вагнер Домингос (Бразилия), Сергей Маргиев (Молдова), Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар), Сергей Коломоетс (Беларус), Войтсех Новитски (Полша), Евгений Виноградов (Украина) ва Дилшод Назаров (Тоҷикистон) сурат гирифт. Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин буд, таҳти рақами 2967 рақобат кард.

Дар сабқати ниҳоӣ рақибони аслии гурзандози тоҷик Иван Тихони 40-солаи беларус (рекорди инфиродиаш – 84.51 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 80.04 м) ваВойтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (рекорди инфиродиаш – 78.71 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 78.36 м) буданд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад. 

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?